Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА шумори эмшудаҳо аз COVID-19 ба 100 миллион нафар наздик шуд


Як нуқтаи эмкунӣ дар ИМА
Як нуқтаи эмкунӣ дар ИМА

Дар ИМА шумори эмшудаҳо аз COVID-19 ба 100 миллион нафар наздик шуд ва талош барои таъмини босуръати мардум бо ваксина идома дорад. Мақомот мегӯянд, ки ҳарчи зудтар эм шудани мардум барои таъмини амнияти беҳдоштии мардум ва бозкушоии васеътари иқтисоди кишвар имкон медиҳад. Маркази назорати бемориҳои ИМА рӯзи 1-уми апрел хабар дод, ки то ин сана тахминан 30 дарсади аҳолӣ ҳадди аққал як воя ё дозаи воксинаро дарёфт кардаанд. Аз миёни онҳо 56 миллион нафар пурра барномаи эмгириро анҷом додаанд. Дар ваъдаи рӯзи аввали кории президент Ҷо Байден дар таърихи 20-уми январ гуфта шуд, ки дар давоми 100 рӯзи аввали кориаш 100 миллион дона воксина ба аҳолӣ дода мешавад. Ҳадафи баъдӣ - 200 миллион воя ё дозаи воксина мебошад.

Воксинаҳои Moderna ва Pfizer-BioNtech ду воя воксинаро пешбинӣ мекунанд. Дар хабари дигари мусбат гуфта шудааст, ки ширкати Pfizer ва ҳамкори олмониаш BioNTech дар паи санҷишҳо маълум кардаанд, ки ин воксина дар 91 дарсади ҳолатҳо давоми шаш моҳи баъди қабули ду воя воксина барои муқобила бо бемориҳои симптоматикӣ мусоидат мекардааст. Ба ин гурӯҳи бемориҳо, аз ҷумла, мушкилоти марбут ба фишорбаландиву хунгардии рагҳо дохил мешаванд.

XS
SM
MD
LG