Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваксинаи QazCOVID-ро мехоҳанд, пеш аз марҳилаи комили озмоиш истифода баранд


Истифодаи ваксини истеҳсоли Қазоқистон -- QazCOVID-in-ро дар он кишвар мехоҳанд, пеш аз анҷоми марҳилаи севуми озмоиш ба роҳ монанд.

Дар ин бора Кунсул Закаря, мудири Пажӯҳишгоҳи илмии масоили амнияти биологии Қазоқистон, рӯзи 31-уми март хабар дод. Вай гуфт, марҳилаи ниҳоии озмоиш 9-уми июл ба поён мерасад, аммо истифодаи ин ваксина дар моҳи апрел ба роҳ монда хоҳад шуд.

"Дар бисёре аз кишварҳо мушоҳида шуд, ки ваксинаҳоро дар марҳилаи аввал ва дувуми озмоиш ба истифодаи умум иҷозат доданд", - гуфт Закаря.

Русия яке аз кишварҳоест, ки бидуни озмоиши марҳилаи севум ба истифодаи ваксинаи зидди коронавирус "Спутник V" иҷоза дод. Ин рафтори Русия аз сӯи пизишкони ғарбӣ танқид шуд. Пизишкон иҷозаи истифодаи ваксинаро пеш марҳилаи севуми озмоиш хатарнок унвон карданд.

Ихтироъгарони қазоқистонӣ рӯзи 31-уми март гуфтанд, аз 200 касе, ки дар марҳилаи дувуми озмоиши ваксинаи қазоқӣ ширкат доштанд, танҳо 8 тан нисбат ба ваксина масунияти паст нишон додаанд.

Дар озмоиши ваксинаи қазоқистонӣ дар маҷмуъ 3 244 кас ихтиёран ширкат кардаанд.

Қазоқистон тасмим дорад, ду миллион мояи QazCovid-in истеҳсол кунад.

XS
SM
MD
LG