Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 45 нафар дар маросими дафни президенти Танзания


Маросими видоъ бо Ҷон Магуфулӣ
Маросими видоъ бо Ҷон Магуфулӣ

Дар натиҷаи издиҳом дар маросими видоъ бо президенти Танзания Ҷон Магуфулӣ на камтар аз 45 кас кушта ва 37 тани дигар ҷароҳат бардоштааст. Пештар хабар дода мешуд, ки дар он марсим панҷ кас ҷон бохтааст.

Ин ҳодиса рӯзи 21-уми март дар майдони варзишие дар Дор-ус-Саломи шаҳри Додома рух дод. Аммо расонаҳои африқоӣ дар ин бора рӯзи 30-юми март гузориш доданд.

Пулиси Танзания гуфт, афроди зиёде мехостанд, бо президент видоъ кунанд. Баъзе аз онҳо нахостанд, мунтазири навбат истанд ва аз болои деворҳо вориди майдон шуданд ва ба ҳамин далел издиҳом падид омад.

Ҷон Магуфулӣ рӯзи 17-уми март дар 61-солагӣ фавтид. Мақомоти Танзания гуфтанд, вай аз дарди қалб даргузашт, вале мухолифони ҳукумати Танзания дар ибтидои моҳи март хабар доданд, ки президент Магуфулӣ ба вабои коронавирус мубталову дар бемористоне дар Кения бистарӣ шудааст.

Магуфулӣ дар кишвараш карантин эълом накард ва ба сокинон машварат дод, ки бо ибодат худро табобат кунанд. Вай ваксинзаниро ба масхара мекашид ва бидуни ниқоб гашту гузор мекард.

Мақомоти Танзания шумори гирифторон ва фавтидагон аз коронавирусро нашр намекарданд. Магуфулӣ мегуфт, ба он хотир коронавирусро ҷиддӣ намегирифт, ки ба илми кишварҳои хориҷӣ эътимод надорад.

XS
SM
MD
LG