Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як блогер дар Узбекистон барои "таҳрик"-и ҳамла айбдор шуд 


Миразиз Бозоров, блогер ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Узбекистон.
Миразиз Бозоров, блогер ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Узбекистон.

Вазорати умури дохилии Узбекистон Миразиз Бозоров, як ҳомии фаъоли ҳуқуқ ва блогерро барои "таҳрик" ба ҳамла айбдор кард ва гуфт, ки амалҳои ӯ сабаби ҷароҳатҳои сангини ӯ ва дар беморхона бистарӣ шуданаш гардидааст.

Дар як изҳороти видеоӣ, ки дар YouTube нашр шуд, вазорат иддао кард, ки Бозоров баъди он мавриди ҳамла қарор гирифт, ки аз "афроди намояндаи аққалиятҳои ҷинсӣ хост" дар намоиши оммавии назди масҷиди Ҳазрати Имом ва хиёбони Амри Темур дар маркази Тошканд ҷамъ шаванд. Бозоров, ки шоми 28-уми март дар назди хонааш мавриди латукӯби шадиди се марди ношинос қарор гирифт, дар ҳолати вазнин дар бемористон ба сар мебарад.

Як табиб дар беморхонаи шикастабандии шаҳри Тошканд гуфт, ки сару рӯи Бозоров ҷароҳат бардошта ва пои росташ ҳам шикастааст ва дар чандин ҷои баданаш ҳам захм вуҷуд дорад. Дар изҳороти вазорат гуфта шудааст, ки Бозоров аз роҳи пахши видеоҳои "номуносиб барои миллати узбек" қоидаҳои рафтори иҷтимоиро "махсус нодида гирифтааст" ва бо ин кораш, "рафтори бадахлоқонаи худро ба ҷомеа намоиш додааст".

Дар изҳороти вазорат инчунин гуфта мешавад, ки Бозоров "бо мусоидати нирӯҳои харобкор ва созмонҳои байналмилалии ғайридавлатие, ки ниятҳои бад доранд, талош кард, ки ҳамҷинсгароиву дигар амалҳои бади мисли онро таблиғ кунад, бо ин вуҷуд, ки ин чизҳоро қонунҳои Узбекистон манъ кардааст. Ӯ бо ин роҳ боиси эҷоди фазои эътироз ва адами таҳаммул шудааст".

Бозоров дар Телеграм канали худ ҳукумати Узбекистонро зиёд танқид мекунад. Дар миёни масоиле, ки Бозоров матраҳ мекунад, ин бекор шудани муҷозоти ҷиноӣ барои ҳамҷинсгароӣ дар Узбекистон мебошад. Худи ӯ чандин бор гуфтааст, ки ба ин гурӯҳ шомил нест, вале ба ин бовар аст, ки ин масъала кори хусусии шахс аст ва барои танзими он қонун лозим нест.

Модари ӯ Миразиза Бозорова, ки 29-уми март тавонист бо писараш дидор кунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз дидани ҷароҳатҳои писараш шок шуд. Ӯ гуфт, "дар ҷомеаи мо набояд чунин ваҳшонияту хушунат ҷой дошта бошад. Ман бо ходимони ҳифзи қонун мулоқот кардам. Онҳо ваъда доданд, ки гунаҳгорон пайдо ва муҷозот мешаванд. Бисёр умедворам, ки ҳамин хел мешавад".

Суратгири машҳур Тимур Карпов нақл кард, ки Бозоров ҳангоме мавриди ҳамла қарор гирифт, ки бо дӯстдухтараш Неля ба назди хонааш наздик мешуд. Ӯ гуфт, ки ин ду нафар чанд рӯзи охир мушоҳида карданд, ки мошине аз пушти онҳо мепояд.

Бозоров ҳар рӯзи шанбе маъракаҳои мухталифе барпо мекунад ва ин навбат рӯзи якшанбе бояд мухлисони фарҳанги ҷопониву мусиқии кореягиро ҷамъ мекард, вале чанд соат пеш аз он даҳҳо марди номаълуме ҷамъомадро бо садоҳои "Аллоҳу Акбар!" пароканда карданд.

Дар изҳороти вазорати умури дохилии Узбекистон омадааст, ки ин амал натиҷаи изҳороти таҳрикомези Бозоров буд.

Дар изҳороти вазорат омадааст, "дар натиҷа, рӯзи 28-уми март гурӯҳи шаҳрвандони мо, ки даъватҳои Бозоровро як таҳқир арзёбӣ кардаанд, дар хиёбони Амир Темур ҷамъ омаданд" ва “ҳолатеро эҷод карданд, ки боиси ба ҳам задани тартиботи ҷамъиятӣ шуд". Дар изҳорот омадааст, ки афроди гунаҳгор дар беназмиҳо боздошт шуданд.

Вазорат нагуфт, ки то куҷо афроди дастдошта дар беназмиҳо дар латукӯби Бозоров гунаҳгор ҳастанд ё на.

Бозоров бо интиқодҳои дигараш ҳам маъруф аст. Дар интиқодҳои аз ин пешаш президент Шавкат Мирзиёвро дар он гунаҳгор кард, ки натавонист пеши роҳ коррупсияро бигирад ва дурустии тадбирҳои маҳдудкунандаи ҷамъиятӣ дар муқобили хатари коронавирусро ҳам зери суол бурд. Соли гузашта барои даъватҳои ӯ аз Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки Осиёии рушд барои худдорӣ аз тақдими қарзҳо ба Узбекистон, ӯро ба Кумитаи даватии амнияти миллии Узбекистон барои сӯҳбат даъват карда буданд.

Худи Бозоров аз ин пеш дар сӯҳбат бо Радиои Озодлик гуфта буд, ки ҳафтаҳои ахир тавассути интернет ҳушдор таҳдиди зиёд мегирад ва бо вуҷуди ин, ки полисро аз ин таҳдидҳо огоҳ кардааст, коре карда нашуд.

Латукӯби ахири блогери узбекро созмонҳои Human Rights Watch, Гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Borders), сафири ИМА дар Узбекистон Дениэл Розенблум маҳкум карда, аз мақомот хостанд, ки ин қазия таҳқиқ шавад.

XS
SM
MD
LG