Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин қонуни баҳсбарангези интихобот дар Ҳонгконгро қабул кард


30-юми март, Пекин. Раҳбари Ҳонгконг Кэрри Лем (дар мобайн) ҳамроҳ бо ду мақоми парлумони Чин баъди қабули қонуни нави интихобот дар Ҳонгконг
30-юми март, Пекин. Раҳбари Ҳонгконг Кэрри Лем (дар мобайн) ҳамроҳ бо ду мақоми парлумони Чин баъди қабули қонуни нави интихобот дар Ҳонгконг

Дар Чин қонуни баҳсбарангези низоми нави интихоботҳо дар Ҳонгконг қабул шуд, ки назорати Пекин аз болои ин шаҳри молиро сахттар мекунад. Парлумони Чин дар як овоздиҳӣ рӯзи 30-юми март бо раъйи оро қонуни нави интихоботро қабул кард ва онро президент Си Ҷинпин ҳам ҳамон замон имзо намуд.

Қонуни асосии Ҳонгконгро як конститутсияи хурди тақдимшуда ба Ҳонгконг меноманд, ки ба ин шаҳре зери назари Чин озодиҳои вижа тақдим мекунад. Ҳонгконг собиқ мустамликаи Бритониё буда, соли 1997 бо ҳуқуқу озодиҳои вижа фаро гирифта шуд. Дар миёни тағйироти дигар, ба як ниҳоди рӯ ба Пекин ҳақ дода мешавад, ки ҳамаи аъзои парлумони Ҳонгконгро вето карда, шахсони мавриди назари худро интихоб кунад. Мунаққидон гуфтанд, ки тағйири қонун дар асл ба маънои поёни демократия мешавад ва ҳама аъзои мухолифонро аз парлумон хориҷ мекунад. Раҳбари Ҳонгконг Кэрри Лем рӯзи 30-юми март гуфт, ки ҳукумат мехоҳад моҳи декабри имсол интихоботи Шӯрои қонунгузорро баргузор кунад. Интихобот бо сабаби пандемияи коронавирус ба муддати як сол ба таъхир гузошта шуд.

Қабули қонуни нав дар ҳолест, ки соли гузаштаву имсол дар чандин ҳолат намоишҳои эътирозии сокинони Ҳонгконг бо талаби даст бардоштани Пекин аз ҳуқуқи мухторияти нисбатии ин минтақа саркӯб шуд. Кишварҳои аъзои Гурӯҳи Ҳафтгона ва Иттиҳоди Аврупо ба ин назаранд, ки Чин дар талоши барҳам додани ҳама гуна садои мухолифон мебошад.

XS
SM
MD
LG