Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири умури хориҷии Эрон вориди Душанбе шуд


Муҳаммадҷавод Зариф ва Сироҷиддин Муҳриддин.
Муҳаммадҷавод Зариф ва Сироҷиддин Муҳриддин.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон шаби гузашта ба ҳадафи ширкат дар нуҳумин Конфронси "Қалби Осиё-Раванди Истанбул" ва музокирот бо мақомоти Тоҷикистон, вориди шаҳри Душанбе шудааст.

Ба иттилои ИРНА -- хабаргузории расмии Эрон, Муҳаммадҷавод Зарифро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва дигар мақомоти тоҷик истиқбол карданд.

Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадҷавод Зариф ба иловаи ширкат ва суханронӣ дар ин ҳамоиш ва музокирот бо мақомоти Тоҷикистон, бо вазирони умури хориҷии Афғонистон, Покистон, Ҳинд ва Озарбойҷон низ мулоқот хоҳад кард.

Нишасти нӯҳуми вазирони "Қалби Осиё - Раванди Истанбул" рӯзи 30-юми март дар Душанбе оғоз мешавад. Қарор аст, дар он вазирони умури хориҷии 15 кишвар ва президентҳои Тоҷикистону Афғонистон иштирок кунанд.

"Қалби Осиё – Раванди Истанбул" як ибтикори минтақавӣ бо ташаббуси Афғонистон ва Туркия аст, ки соли 2011 оғоз шудааст. Ҳадафи он мусоидат ба рушди Афғонистон дар арсаҳои гуногун мебошад.

Нишастҳои пешинаи "Қалби Осиё - Раванди Истанбул" дар Истанбулу Кобул, Алмато, Пекин, Исломобод, Амритсар ва Боку гузаштааст. Кишварҳои ширкаткунанда дар ин раванд Туркияву Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистону Ҳиндустон, Чин, Русия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд.

XS
SM
MD
LG