Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерале, ки сарбозонаш даҳҳо эътирозгарро куштаанд, Русияро "дӯсти ҳақиқӣ" номид


Эътироз дар Мянмар
Эътироз дар Мянмар

Дар кишвари Мянмар нерӯҳои амниятӣ 19 нафар аз эътирозгаронро куштаанд.

Дар ин кишвар аз моҳи феврал низомиён ҳукуматро дар даст гирифтаанд ва онҳоеро, ки тарафдори Мянмари демократӣ ҳастанд, саркуб мекунанд.

Дар авҷи ин саркубиҳо Александр Фомин, муовини вазири мудофиаи Русия ба Мянмар сафар кард ва дар рӯзи 27-уми март дар ҷашни “Рӯзи Артиш” дар ин кишвар иштирок кард.

Мин Аунг, генерале, ки ҳоло қудратро дар даст дорад, Русияро “дӯсти ҳақиқӣ” номид.

Фомин Мянмарро муттаҳиди боэътимод ва шарики стратегии Русия дар Осиё номид.

Мин Аунг Хлаинг рӯзи 1-уми феврал дар натиҷаи кудатое, ки ҳукумати интихобшудаи Аун Сан Су Чиро барканор кард, қудратро ба даст гирифт. Аун Сан ҳоло дар боздошт қарор дорад.

То кунун беш аз 300 нафар дар эътирозҳои ин кишвар кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG