Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 25-уми март дар аввалин нишасти хабарии худ пас савганд ёд кардан ба унвони президент, ба пурсишҳои хабарнигорон дар бораи сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии ин кишвар посух гуфт.
Ҷо Байден дар ин нишасти хабарӣ доир ба масоили гуногун, аз ҷумла хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, робитаҳои ИМА бо Чин ва Кореяи Шимолӣ, суҳбат кард. Ӯ дар робита ба умури дохилӣ низ сухан гуфт ва шеваи мубориза бо пандемияи КОВИД-19 ва ислоҳи қонуни муҳоҷиратро шарҳ дод.
Раиси ҷумҳури Амрико хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон дар таърихи муайяншуда -- якуми майро бисёр душвор донист ва гуфт ва ин масъаларо бо муттаҳидони Амрико баррасӣ мекунанд.
Вай афзуд, "вазирони хориҷӣ ва дифоъро вазифадор кардаем то бо дигар мақомот мулоқот кунанд... монданамон тӯлонӣ нахоҳад шуд". Байден дар идома таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир наметавонад таърихи дақиқеро барои хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон муайян кунад.
Бар асоси тавофуқномаи рӯзи 29-уми феврали соли 2020 миёни Амрико ва Толибон дар Қатар, қарор аст ҳама нерӯҳои байналмилалӣ то моҳи майи имсол Афғонистонро тарк кунанд.
Аммо Вазорати дифои Амрико ахиран гуфт, ки Толибон бархе бандҳои созишномаро иҷро накардаанд. Қоҳиши хушунат, қатъи робита бо гурӯҳҳои ҳаросафкан ба шумули Ал-Қоида, аз ӯҳдаҳориҳое буд, ки Толибон ба риоят накардани он муттаҳам шудаанд.
Дар рӯзҳои ахир ҳукумати Ҷо Байден ҳушдор додааст, ки бинобар шиддат ёфтани ҳамлаҳои Толибон, иҷрои ин банди созишнома аз сӯи Амрико душвор хоҳад буд.
Нерӯҳои НАТО бо раҳбарии Амрико дар тирамоҳи соли 2001 ба Афғонистон ҳамла карданд ва ҳукумати Толибонро суқут доданд. Дар 20 соли ахир даҳҳо ҳазор нафар дар ҷангҳои Афғонистон ҷон бохтанд. Талафоти нерӯҳои хориҷӣ дар ин ҷанг ба садҳо нафар мерасад.
Ба телефони бовари ВКД занг занед 221.21.21
Чаро ба хотири манфиати бародари як раиси собик манфиати хазорон шахрванд нодида гирифта мешавад? Ин мардум кучо раванд? Аз ки додхохи кунанд?
Порахури ва мансабфуруши чунин натича медихад. Инхо вакте вазифаро пул дода мехаранд дигар на зури прокурор, на зури пешво, на зури Рустаи дигар зури касе ба инхо намерасад
Честь имею, гапи дустдоштаи Мамадбокир хозир дар расонахо пахн шудааст. Афсус, ин честь ро мардуми зебои точик фаромуш кардаанд. то ба кай гуломи? Аз хоби гарон, хоби гарони 30 сола хезет, мардакону занакон.
ман лозим шавад дар назди худаш исбот карда медихам ки барои хучат имзо кардан чи кадар аз ман маблаг талаб кардааст