Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2021", ки рӯзҳои 26-28-уми март дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси - баргузор мешавад, Тоҷикистонро ду варзишгар - Шаҳбоз Саидаброров ва Комроншоҳи Устопириён - намояндагӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи "Tbilisi Grand Slam 2021" то имрӯз, 25-уми март, иштироки 494 варзишгар (270 мард ва 224 зан) аз 81 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.
Тоҷикистонро дар сабқати мардон Шаҳбоз Саидаброров (дар вазни то 60 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (дар вазни то 90 кг) намояндагӣ мекунанд.
Бар асоси қуръакашӣ Шаҳбоз Саидаброров дар даври аввал озод буда, дар даври дувум бо ҷоизадори қаҳрамонии ҷаҳон-2019 аз Узбекистон Шарофиддин Лутфуллоев рақобат мекунад.
Комроншоҳи Устопириён низ рақобатро аз даври дувум шуруъ хоҳад кард. Рақибаш ғолиби ҷуфти Абдураҳмон Диао (Сенегал) – Матиас Куусик (Эстония) мебошад.
Рӯзи аввали мусобиқа – 26-уми март – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад. Рӯзи дувум – 27-уми март - гуштигирони вазнҳои -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 28-уми март бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон ба поён мерасад.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои мақоми аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз ва барои ҷойҳои севум 500 имтиёз дода мешавад.
Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.
Зимнан, "Tbilisi Grand Slam 2021" чаҳорумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад.
Мардуми Хучанд бехтарин зехният дорад. Агар Шумон гирди мо чам мешудед вазифаталаби намекардед имруз дар ба дару таги тег карор надоштед.
Шахид Мухамадбокир рухат шод бод. Худованд магфират кунад. Мард буд
Такими темпами, в ТЧ, скоро все святые и пророки померкнут по сравнения с нашим «солнцеликим пешво», гкнб всех заставит выступить по госканалам, и брать на себя даже убийство Кеннеди и Ленина одновременно
Бале, соли 2018 барои робитаҳо хуб шаванд, Боқирро ба Душанбе даъват кардан у нарафт, ғурури баландаш даъватро напазируфт. Ба ёдам ҳаст, дар як сӯҳбаташт гуфт: "Ин замин ба онҳо аз бобоҳояшон намондааст " Причем ин ҷо бобову бибӣ? Тоҷикистон давлати соҳибистиқлоле, ки марзҳояш муайян асту замини ҳамаи тоҷикистониҳост ! Ғурури баланд монеаи мувафақ шудани инсон мегардад. Мардро хоксорӣ ва сабр мезебад ва маҳз ҳамин сифатҳо ба баландиҳо мерасонанд
Захираҳои орду гандум низ «сирри давлатӣ» мешудаст, нав фахмидем. Бехтараш гуед, ки ин сири оилаи рахмонуф мебошад. Бе ичозати Шамсло ё Рахмонуф гап зада наметавонед.