Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи Ғанӣ барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлат. Толибон рад карданд


Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон.
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон.

Дар ҳоле ки Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, қасд дорад, баргузории интихоботи пеш аз муҳлатро пешниҳод кунад, Толибон гуфтаанд, дар бораи сохтору низоми оянда ҳайатҳо дар Қатар тасмим мегиранд.

Як мансабдори баландпояи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 23-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, президент Ғанӣ тарҳи сулҳашро дар нишасти Туркия пешниҳод мекунад.

Ба қавли манбаъ, ки бино бар ҳассос будани мавзуъ нахост номаш зикр шавад, "агар Толибон ба оташбас розӣ шаванд, интихоботи пеш аз муҳлат дар муддати шаш моҳ пас аз тавофуқ баргузор хоҳад шуд".

Ин мақоми баландпояи раёсати ҷумҳури Афғонистон афзуд, Толибон пеш аз баргузории интихобот таҳти як механизм метавонанд, аъзои "ҳукумати сулҳ" бошанд. “Ба онҳо вазорату раёсатҳо дода хоҳад шуд ва ҷангҷӯёнашон ба сафи нерӯҳои амниятӣ ҷалб хоҳанд шуд”, -- илова кард ӯ.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳатто дар мавриди ин ҳам суҳбат хоҳад шуд, ки ба Толибон то чӣ ҳад дар порлумон ва ҳукумат саҳм дода мешавад: “Тарҳи президент Ашраф Ғанӣ бо мақомҳои амрикоӣ дар миён гузошта шудааст ва аз онҳо хоста шуд, дар ин маврид бо ҳам машварат кунанд."

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, яке аз сухангӯёни гурӯҳи Толибон, рӯзи сешанбе дар суҳбат бо бахши афғонистонии Радиои Озодӣ ба ин тарҳи пешниҳодии Ашраф Ғанӣ вокуниш нишон дод. Вай гуфт, бо дарназардошти таҷрибаҳои интихоботҳои гузашта дар Афғонистон, ин гурӯҳ ҳеч гоҳ дар ин раванд саҳм нахоҳад гирифт.

"Натиҷаҳои интихоботҳоеро, ки тайи 20 соли гузашта роҳандозӣ шудаанд, дидаем. Мо ҳеч гоҳ роҳҳоеро пеш намегирем, ки аз тариқи ришва ва таблиғ ба хотири фиреби мардум пеш рафта бошад ва натиҷаи он ҳам ноком буда бошад", -- афзуд ӯ.

Ба қавли ин сухангӯи гурӯҳи Толибон, дар бораи сохтор ё низоми оянда дар чаҳорчӯби қонунҳои исломӣ бояд дар нишасти байни афғонҳо, ки дар Қатар ҷараён дорад, созиши ниҳоӣ сурат бигирад.

Аз ин тарҳ дар ҳоле суҳбат мешавад, ки қарор аст Туркия бар асоси пешниҳоди Амрико ба зудӣ мизбони нишасти сулҳи Афғонистон бошад. То ҳанӯз маълум нест, ки дар нишасти Туркия киҳо ба намояндандагӣ аз Афғонистон иштирок хоҳанд кард ва на ҳам замони баргузории он то ҳанӯз расман эълон нашудааст.

Манобеъ дар раёсати ҷумҳури Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мумкин аст ин нишаст дар нимаи моҳи апрел баргузор шавад.

Баргузории нишасти Туркия яке аз нуктаҳои номаи Энтони Блинкин, вазири корҳои хориҷии Амрико, ба Ашраф Ғанӣ буд ва ҳадафи он суръат бахшидан ба гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон хонда шудааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид мегӯяд, масъулини Толибон тарҳи Амрикоро барои сулҳи Афғонистон, ки баргузории нишасти Истанбул яке аз нуктаҳои он аст, мавриди баррасӣ қарор доданд, аммо то ҳанӯз тасмими ниҳоӣ дар ин робита гирифта нашудааст.

Пеш аз ин Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон тарҳи сулҳи кишварашро дар сафари ахири худ пешниҳод кард, ки дар он аз таъсиси ҳукумати муваққатӣ суҳбат шуда буд. Ашраф Ғанӣ ҳамеша таъкид кардааст, ки қудратро ба ҷонишини худ аз тариқи интихобот вогузор хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG