Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои қарздор дар "Роғун" пас аз 8 моҳ маоши коргаронро додаанд. Ба фаъолияти дубораи онҳо иҷозат мешавад?


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун". Акс аз бойгонӣ

Чанд ширкати машғули кор дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" пас аз ҳашт моҳ маоши зердастони худро пардохтаанд ва умед доранд, ки ба зудӣ фаъолияти онҳо аз сар гирифта мешавад. Мудирияти нерӯгоҳ моҳи январи феврали имсол фаъолияти беш аз 15 ширкатро дар пайи шикояти коргарон боздошта буд.

Як намояндаи Ситоди сохтмонӣ дар нирӯгоҳи "Роғун" рӯзи 23-юми март бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ширкатҳои қарздор маоши коргаронро додаанд. Вай айни замон гуфт, "танҳо ширкати паймонкори "Асри нур" музди семоҳаи коргаронро додааст. Бояд то охири моҳ маоши боқимондаро гузаронад ва сипас масъалаи даъвати коргарон ба кор шуруъ хоҳад шуд."

Рӯзи 18-уми январи имсол пас аз мулоқоти вазири молия, Файзиддин Қаҳҳорзода, бо роҳбарони ширкатҳои сохтмоние, ки маоши коргаронашонро напардохта буданд, тасмим гирифта шуд, фаъолияти ин ширкатҳо боздошта шавад.

Парвиз Саломов, як коргари ширкати "Асри нур", ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун маоши семоҳаашро гирифтааст, аммо афзуд, "аз ҳар маош то 300 сомонӣ кам дарёфт кардааст".

Дар ширкати "Асри нур" 160 коргар фаъолият доштанд.

Бори аввал нест, ки коргарони ширкатҳои паймонкор дар маҳалли сохтмони "Роғун" ба мушкили дарёфти музди кор рӯ ба рӯ мешаванд.

Дар моҳи июни соли гузашта гурӯҳе аз коргарони нирӯгоҳ шикоят карда буданд, ки маоши панҷмоҳаи худро нагирифтаанд. Баъд аз он Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон масъули сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" дар ҳукумат аст, дар ҳузури коргарон ваъда дод, "ба зудӣ маош мешавад", вале зоҳиран аз он замон то кунун мушкил пурра ҳал нашудааст. Маълум нест, идомаи кори ширкатҳо дар маҳалли сохтмони Роғун ба чӣ шакл сурат хоҳад гирифт. Оё дубора аз зердастон қарздор мемонанд ва ё маошро саривақт медиҳанд?

Тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" дар замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ ҳамон вақт оғоз ёфта буд. Ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шуруъ кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Тоҷикистон аз соли 2008 ба сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 25,3 миллирад сомонӣ харҷ кардааст. Ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун", ки аввалӣ соли 2018 ва дуввумӣ соли 2019 ба кор андохта шуд, то кунун 2,5 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ бо арзиши 500 миллион сомонӣ тавлид кардааст.

Вазорати молия мегӯяд, барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” имсол талош доранд, аз бонки олмонии Landesbank Baden ва Credit Suisse-и Швейтсария 340 миллион евро қарз ба даст оранд.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG