Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар муқобили интиқоду таҳримҳои Ғарб Русияву Чин муттаҳидии худро намоиш медиҳанд


Сергей Лавров ва Ван Ин - вазирони хориҷаи Русия ва Чин. Пекин, 23-юми март
Сергей Лавров ва Ван Ин - вазирони хориҷаи Русия ва Чин. Пекин, 23-юми март

Вазирони хориҷаи Чину Русия барои намоиши муттаҳидиву даъват барои ҷаласаи аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ бо ҳам мулоқот карданд. Ин мулоқот, ки 23-юми март дар Пекин баргузор шуд, дар шароите мегузарад, ки ҳарду кишвар барои нақзи ҳуқуқи инсон ва саркӯби дигарандешони сиёсӣ мавриди таҳримҳои ғарб қарор гирифтанд. Вани И ва Сергей Лавров дар як нишасти муштараки хабарӣ интиқодҳои ғарбро рад карданд ва Лавров гуфт, ки аз назари Русияву Чин ҳоло ИМА мехоҳад аз роҳи тақвияти эътилофи сиёсии замони Ҷанги Сард сохтори қонунии байналмилалиро барҳам диҳад.

Дар изҳороти муштарак ду вазир он чиро, ки «дахолат ба умури дохилӣ» номиданд, рад ва иддао карданд, ки «ҳеҷ як модели демократии меъёрӣ вуҷуд надорад». Дар изҳороти муштарак омадааст: «Ҳуқуқи қонунии кишварҳои мустақил барои таъини ояндаву рушди ин кишварҳо бояд эҳтиром шавад. Дахолат ба умури дохилии кишварҳои мустақил бо баҳонаҳои «пешбурди демократия» ғайри қобили қабул аст».

Ван дар суханронии худ аз таҳримҳои ҳамоҳангшудаи Иттиҳоди Аврупо, Бритониё, Канада ва ИМА алайҳи мақомоти чинӣ дар заминаи нақзи ҳуқуқи инсон дар вилояти ғарбии Шинҷон, ки асосан зидди мусалмонҳову уйғурҳои маҳаллӣ равона шудааст, интиқод кард. Ҳарду вазири хориҷӣ инчунин ба ташкили ҷаласаи аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ даъват карданд.

XS
SM
MD
LG