Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони НАТО ояндаи нирӯҳо дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд


Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО. 22-юми март, Брюссел
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО. 22-юми март, Брюссел

Чанд ҳафта пеш аз хуруҷи нақшавии нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ки дар созиш бо Толибон мувофиқа шудааст, дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, “ҳама имкониятҳо дар баррасӣ ҳастанд”. Қарор аст дар ҷаласаи вазирони хориҷаи НАТО ва баъди он – дар гуфтугӯҳо бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзҳои 23 то 24-уми март баргузор мешаванд, вазири хориҷаи ИМА Энтони Блинкен ҳам иштирок кунад. Як ҳадафи ӯ барқарор кардани робитаҳои фароатлантикии ИМА бо Аврупо мебошад.

Дар ҷаласаи НАТО яке аз мавзӯъҳои калидӣ – нигарониҳо дар робита бо Чину Русия, инчунин, ояндаи рисолати НАТО дар Афғонистон мебошад, ки феълан дар ин кишвар 9600 сарбоз дорад. Бар асоси созиши порсолаи маъмурияти президенти собиқ Доналд Трамп бо Толибон, қарор аст нирӯҳои амрикоӣ то 1-уми май аз хоки Афғонистон берун шаванд.

Байден гуфтааст, ки иҷрои ин ӯҳдадорӣ “хеле сахт” хоҳад буд, чунки, ба гуфтааш, худи музокироти сулҳ ҳам бо гурӯҳи шӯришӣ, ки аз сентябри соли 2020 дар Қатар идома дорад, басахтӣ пеш меравад. Столтенберг рӯзи 22-юми март дар нишасти хабарии Брюссел гуфт, ки вазирони хориҷаи НАТО машваратро дар заминаи ояндаи нирӯҳояшон дар Афғонистон идома хоҳанд дод. Ӯ гуфт, “вазъи амниятӣ дар Афғонистон мушкил аст” ва дар заминаи ҳузури баъдии низомии НАТО дар ин кишвар бо ҳам машварат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG