Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская ба Аврупову Ғарб: дар ташкили муколама бо Минск мусоидат кунед


Светлана Тихановская 
Светлана Тихановская 

Як раҳбари мухолифони Беларус аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки барои ташкили музокироти онҳо бо мақомоти Беларус мусоидат кунанд. Ин даъвати Светлана Тихановская рӯзи 22-юми март дар Вилнюс, дар ҷараёни ҳамоиши ташкилшуда аз ҷониби Сейм ё парлумони Литва ва дафтари Светлана Тихановская садо дод. Бахши Беларусии радиои Озодӣ менависад, ки нишаст ба хотири баррасии бӯҳрони сиёсии Беларус ташкил шуда, дар он намояндагони кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла дипломатҳои амрикоӣ ҳам иштирок мекунанд. Тихановская гуфт, мухолифон хостори ташкили музокирот бо ҳукумати Беларус дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд. Ӯ гуфт, бояд хушунат хотима ёбад ва таъқибҳои ҷиноии мардум барои изҳори назарҳои сиёсиашон хотима дода шавад. Тихановская гуфт:

“Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон беш аз як ҳазор ҳолати шиканҷаро ба қайд гирифтанд. Айни замон дар Беларус 290 маҳбуси сиёсӣ аст ва ҳамарӯза ин омор афзоиш меёбад. Дастикам 8 эътирозгари сулҳомез кушта шуданд, вале то ҳол ҳеҷ як корманди давлатӣ барои ваҳшоният, саркӯб, шиканҷа ва куштор ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст”.

Дар паи интихоботи президентии баҳсбарангези 9-уми августи порсол дар Беларус мухолифон ва тарафдоронашон даст ба эътироз зада гуфтанд, ки натиҷаҳои интихоботро, ки дар он Александр Лукашенкоро пирӯз эълон карданд, эътироф намекунанд. Худи Лукашенко, ки ба саркӯби эътирозҳо аз роҳҳои хушунатомез ва ҳабси норозиён посух дод, то ҳол ҳеҷ гоҳ барои муколама бо мухолифон омодагӣ нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG