Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи паҳлавонии наврӯзӣ дар Душанбе маълум шуданд


Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи наврузӣ дар Душанбе.
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи наврузӣ дар Душанбе.

Рӯзҳои 20-21-уми март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштини миллӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2021» доир гардид. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар мусобиқаи идона ҳудуди 130 варзишгар аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ширкат варзида, аз рӯи чаҳор дараҷаи вазнҳо (то 65, 75, 90 ва +90 кг) тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии гуштингирии Тоҷикистон рақобат карданд.

Дар вазни то 65 кг Абубакр Боқиев,ки дар финал бар Алиҷони Сафаралӣ ғолиб омад, мақоми аввалро касб намуд. Ҷойҳои сеюмро Сорбон Латифов ва Ориф Додов ишғол карданд.

Дар вазни то 75 кг Мирзоҷамил Рамазонов ғолиб шуд. Ӯ дар финал Амонулло Азимовро мағлуб кард. Медалҳои биринҷӣ ба Саидшоҳ Раҳматуллоев ва Саиднабӣ Камолов супурда шуд.

Дар вазни то 90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Ҳамроз Раҷабовро шикаст дод, ғолиб гашт. Ҷойҳои сеюм насиби Амирҷони Насим ва Комроншоҳи Устопириён шуд.

Дар вазни +90 кг Темур Раҳимов, ки бар Раҳмат Фарҳодов дастболо гардид, мақоми аввалро азони худ кард. Шоҳрух Амирхонов ва Абубакри Акобир ҷойҳои сеюмро гирифтанд.

Ғолибони мусобиқаи наврӯзӣ - Абубакр Боқиев, Мирзоҷамил Рамазонов, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов - ба ҷуз аз ҷому ифтихорномаву медалҳои тилло, бо шоҳҷоизаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе – автомашинаҳои сабукрави "Toyota" - мукофотонида шуданд. Варзишгарон барои ҷойи дувум 10 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойҳои севум 3 ҳазор сомонӣ гирифтанд.

Рӯзи 24-уми март дар “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе мусобиқаи аспдавонӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2021» бо ҷалби аспсаворон аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ доир хоҳад шуд. Ба ғолибон ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидани мусобиқаҳои гуштини миллӣ ва аспдавонӣ аз буҷаи шаҳрдорӣ беш аз 185 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуд.

XS
SM
MD
LG