Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибону парасторон дар Мянмар тазоҳурот карданд


Тазоҳурот тақрибан як моҳ аст, ки дар Бирма ва ё Мянмар идома дорад.
Тазоҳурот тақрибан як моҳ аст, ки дар Бирма ва ё Мянмар идома дорад.

Табибон ва парасторон рӯзи 21-уми март дар кӯчаҳои Бирма ва ё Мянмар эътироз карданд ва ҳафтае баъд аз саркӯби маргбори тазоҳургарони зидди табаддулоти давлатӣ дар ин кишвар.

Баъди табаддулот дар моҳи гузашта, ки бо барканории Аунг Сан Су Чи, раиси ҳукумати Бирма анҷомид, дар ин кишвар эътирозҳои мардум идома дорад, ки мехоҳанд, кишварашон бо усули демократӣ мудирият шавад.

Маъмурони амниятӣ то кунун барои пароканда кардани тазоҳургарон аз силоҳи оташфишон, гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода бурдаанд. Бо вуҷуди ин, садҳо табибу парастор бо аксҳои Аунг Сан Су Чи ба кучаҳои шаҳри Мандалай, дуввумин шаҳри бузурги Мянмар баромаданду раҳпаймоӣ карданд.

Мандалай пас аз табадуллоти рӯзи 1-уми феврал чанд бор саҳнаи саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарон шудааст. Рӯзи 20-уми март, як созмони дохилии нозир дар Бирма гуфт, ки ҷараёни саркӯби тазоҳурот дар саросари кишвар чаҳор нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG