Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия аз аҳдномаи ҳимояти занон аз хушунат берун шуд


Эътирози занон дар Туркия, 20-уми марти 2021
Эътирози занон дар Туркия, 20-уми марти 2021

Туркия аз як паймон ё аҳдномаи муҳими аврупоӣ дар мавриди муҳофизати занон аз хушунат, ки бори аввал даҳ сол пеш имзо шуда, номи шаҳри бузургтаринашро дорад, берун шуд. Дар ин бора рӯзи 20-уми март раиси ҷумҳур Раҷаб Таййиб Эрдуғон фармон содир кард. Лағви тасвиби Конвенсияи Истанбулро, ки дар мубориза бо хушунати хонаводагӣ муҳим медонистанд, зарбае ба ҷонибдорони ҳуқуқи занон мешуморанд. Дабири кулли Шӯрои Аврупо ин тасмимро "вайронгарӣ" номид. Ҳомиёни ҳуқуқи занон ва ҷонибдорони ҳифзи паймон дар Туркия норозиёнро ба тазоҳурот даъват карданд. Онҳо аз ҳукумат мехоҳанд, фармонро бекор кунад ва аҳдномаро нигоҳ дорад. Баъзе аз мансабдорон аз ҳизби Эрдуғон ҷонибдори бозбинии паймон буданд. Ба иддаои онҳо, ин аҳднома талоқро ташвиқ карда, ба оилаҳои суннатӣ "зарар" мерасонад.

XS
SM
MD
LG