Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба Байден пешниҳод кард, дар пахши мустақим вохӯранд


Владимир Путин ва Ҷо Байден, президентҳои Русия ва Амрико.
Владимир Путин ва Ҷо Байден, президентҳои Русия ва Амрико.

Президенти Русия Владимир Путин ба ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден пешниҳод кард, ки баҳсро дар пахши мустақим идома диҳанд. Ба гуфтаи Путин, ӯ омодаст 19 ё 22 март бо Байден гуфтугӯ кунад. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, ин ниҳод омодагӣ ба гуфтугӯи раҳбарони ду кишварро оғоз кардааст.

Ҷо Байден дар мусоҳиба бо ABC News ба суоли хабарнигор дар бораи он ки оё ӯ Путинро қотил меҳисобад, посухи мусбат дод. Путин дар ҷавоб гуфт, ҳангоми "мустамлика" шудани ҳудуди муосири ИМА "қатли оми сокинони маҳаллӣ" сурат гирифта, зарбаи ҳастаии Амрико ба шаҳрҳои Ҷопон дар охири Ҷанги ҷаҳонии дувум "бемаъно" буд.

​Сухангӯи Кохи Cафед Ҷен Псакӣ баъди пешниҳоди Путин барои баҳс тавассути пахши мустақим ба рӯзноманигорон гуфт, маъмурияти ИМА феълан наметавонад эҳтимоли баргузории ин суҳбатро арзёбӣ кунад, зеро Байден банд аст ва дар доираи як сафар ба Ҷорҷия меравад.

Псакӣ ҳамчунин афзуд, ки Байден аз гуфтаҳояш ба ABC News таассуф намехурад. "Президент ба суоли ошкоро посухи ошкоро дод", - изҳор дошт сухангӯи Кохи сафед.

Вазорати корҳои хориҷии Русия баъди суханҳои Байден дар як баёния эълом кард, ки Анатолий Антонов, сафири ин кишвар дар Вашингтон барои машварат дар бораи ояндаи робитаҳои ду кишвар фаро хонда мешавад. Вазорат гуфт, ин тасмим барои пешгирӣ аз бадтар шудани робитаҳои ду кишвар рӯи даст гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG