Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон таъқиби диндорон идома дорад


Созмони "Forum 18", ки поймолшавии ҳуқуқи диниро бозтоб мекунад, аз идома ёфтани таҷрибаи тарсондан ва таъқиби диндорон дар Туркманистон хабар додааст.

Созмон навиштааст, пулис ва намояндагони ниҳодҳои дигари давлатии Туркманистон фишор ба диндоронро вақтҳои ахир тақвият бахшидаанд.

"Фишорҳо бештар дар ноҳияҳои Фороб ва Чорҷеви вилояти Лебап мушоҳида мешаванд", - мегӯяд "Forum 18". Бахши туркмании Радиои Озодӣ пештар хабар дода буд, ки дар ин ноҳияҳо ахиран ҳудуди 20 диндорро дастгир карданд. Ҳатто риши якеашонро иҷборан тарошида маҷбур карданд, ки арақ нушад.

Намояндагони мақомоти маҳаллӣ 9 март ба масҷиди ҷомеи вилояти Марӣ ворид шуда, намозгузоронро пеш карданд.

Қонунгузории Туркманистон ҳуқуқи шаҳрвандон ба пайравӣ аз динеро кафолат медиҳад. Вале миёни диндорони ҷонибдор ва мухолифи ҳукумати Туркманистон фарқи зиёд мавҷуд аст. Аввалиҳо аз имтиёзҳои зиёде бархурдор ҳастанд.

XS
SM
MD
LG