Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская аз Амрико хост, ба Лукашенко фишори бештар биорад


Светлана Тихановская, раҳбари мухолифони ҳукумати Беларус
Светлана Тихановская, раҳбари мухолифони ҳукумати Беларус

Раҳбари мухолифони ҳукумати Беларус, Светлана Тихановская, аз Амрико хост, ба раҳбари худкомаи ин кишвар Александр Лукашенко фишори бештар орад, то ӯ давъвати мухолифонро барои гуфтугӯ бипазирад ва хостҳои онҳоро қабул кунад.

Тихановская, ки рӯзи 17-уми март онлайн дар Кумитаи робитаҳои хориҷии Маҷлиси Намояндагони Амрико суҳбат мекард, гуфт, таҳримҳои иловагӣ бояд додрасҳо, ширкатҳои давлатӣ, афсарони амниятӣ, олигархҳо ва мансабдорони соҳаи маорифу варзишро дар бар бигирад.

Ӯ дар идома гуфт, Лукашенко дар ҳоли ҳозир барои дар қудрат мондан манбаъҳои кофӣ дар ихтиёр дорад ва афзуд, "мардум кишвар ба кумаки фаврӣ ниёз доранд".

Ба қавли Светлана Тихоноваская, аз оғози тазоҳурот дар моҳи августи соли гузашта то кунун 32 ҳазор нафар дар Беларус дастгир шуданд ва 290 тан ҳамчун зиндонии сиёсӣ дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадди ақал 8 эътирозгар кушта шудаанд.

Кумисюни марказии интихоботи Беларус дар интихоботи президентии моҳи августи соли гузашта Лукашенкоро баранда эълон кард.

Мухолифон мегӯянд, дар ин интихобот тақаллуби густурда сурат гирифт. Онҳо бо талаби истеъфои президент ва баргузории интихоботи нав ба кӯчаҳо баромаданд ва ба эътирозҳо давом доданд.

XS
SM
MD
LG