Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Шимолӣ ба талошҳои Амрико дар мавриди музокирот посух дод


Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ
Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ

Куриёи Шимолӣ дар мавриди кӯшишҳои Амрико барои аз сар гирифтани гуфтушунид миёни Вашингтону Пхенян вокуниш нишон дод. Мансабдорони ин кишвари пӯшида гуфтанд, барои азсаргири музокирот ниёз аст, ки аввал Вашингтон сиёсаташро тағйир диҳад.

Муовини вазири корҳои хориҷии Куриёи Шимолӣ рӯзи 18-уми март бори дигар гуфт, "то замоне ки Амрико сиёсати хасмона ё душманонаи худро дар баробари Пхенян иваз накунад", ин кишвар ба музокирот ҳозир нест.

Ӯ гуфт, Куриёи Шимолӣ дар оянда низ талошҳои Амрикоро барои шурӯи дигарбораи музокирот нодида хоҳад гирифт.

Музокироти миёни Вашингтону Пхенян дар замони маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико, сурат гирифта, вале натиҷае надоштааст.

XS
SM
MD
LG