Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба хотири Навалний ба зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард


Амрико ба зидди Русия бо иттиҳоми заҳролуд кардани раҳбари мухолифин Алексей Навалний ва Сергей ва Юлия Скрипалҳо дар Бритониё маҳдудиятҳои нави содиротӣ ҷорӣ кард.

"Ҳукумати Русия уҳдадориҳои худро дар доираи Конвенсияи манъи истифодаи силоҳи кимиёӣ поймол карда, ҷони шаҳрвандони худу кишварҳои дигарро дар хатар мегузорад", - омадааст дар изҳороти Вазорати савдои Амрико.

Таҳримҳои нав аз 18-уми март ба иҷро даромада, содироти молҳоеро ба Русия манъ мекунанд, ки ба амнияти миллӣ рабт доранд.

Иёлоти Муттаҳида дар аввали моҳи март ба хотири заҳролудшавии Навалний зидди 14 ширкат аз Русия, 3 ширкат аз Олмон ва 1 ширкат аз Швейтсария таҳрим эълом карда буд.

Ба рӯйхати таҳримшудаҳо, аз ҷумла маркази 27-уми илмии Вазорати дифои Русия, ширкатҳои "Химмед", "Фемтеко", "Интерлаб", "Лабинвест", "Аналит продактс", "Интертех инструментс", "Рау фарм", "Регионснаб" ва "Фармконтракт" шомиланд.

XS
SM
MD
LG