Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, Эрону Русия талош карданд дар интихоботи соли 2020 таъсир бигузоранд


Интихоботи президентии Амрико-2020.
Интихоботи президентии Амрико-2020.

Дар як гузориши мақомоти истихборотии Амрико гуфта мешавад, Эрону Русия талош кардаанд, ки дар интихоботи президентии соли 2020 дар Иёлоти Муттаҳида дахолат кунанд.

Дар гузориши 15-саҳифагӣ, ки рӯзи 16-уми март аз сӯйи дафтари Раёсати амнияти миллии Амрико нашр шуд, гуфта мешавад, "ҳеч нишонае нест, ки бозигарони хориҷӣ рӯйирост ба раванди овоздиҳӣ халал расонда бошанд".

Дар ин гузориш, ҳамчунин, гуфта шудааст, президенти Русия, Владимир Путин, дастури амалиёти кибернетикӣ ва таблиғотиро барои зарба задан ба Ҷо Байден, номзади Ҳизби демократ, содир карда буд.

Аз рӯйи ин гузориш, ҳукумати Русия ба зидди Ҷо Байден даст ба нашри "маълумоти гумроҳкунанда ва ғалат" зад, аммо Эрон талош мекард, дастгирии Доналд Трампро коҳиш диҳад.

Дар интихоботи президентии соли 2016 низ гузоришҳои ниҳодҳои кашфии Амрико нишон медод, ки Русия талош карда буд, то Доналд Трамп барандаи интихобот шавад.​

XS
SM
MD
LG