Лиза Гончарова, фрилансер ё корманди қарордодии Радиои Озодӣ дар Беларус ва падараш Александр Гончаровро барои иштирок дар намоишҳои эътирозӣ понздаҳ рӯз ҳабс карданд.
Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Марказии шаҳри Минск рӯзи 15-уми март содир шуд. Гончарова ва падараш иттиҳомро напазируфтанд. Онҳо гуфтанд, вақте тасодуфан аз маҳалли эътирозҳо мегузаштанд, полис дастгир кард.
Гончароваро, инчунин, ба он муттаҳам карданд, ки гуё барои як канали “ифротӣ” дар Телеграм мехост, аз ҷараёни эътирозҳо навор фиристад. Худи вай ин иттиҳомро низ рад кард.
Президенти Радиои Озодӣ, Ҷейми Флай, дар ин замина гуфт: “Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз зиндонӣ шудани Лиза Гончарова, тарроҳи графикии бахши беларусии Радиои Озодӣ дар Минск мутаассиф аст. Танҳо барои назорати эътироз Лиза мавриди ҳамлаи бераҳмонаи полис қарор гирифт ва ба 15 рӯз ҳабс шуд. Ӯ бояд билофосила озод карда шавад”.
Лиза Гончарова гуфт, ҳангоми боздошт полис ӯро чанд бор бераҳмона ба замин ҳаво дод ва ҳам аз “методи буғӣ кардан” истифода кард.
Рӯзи 13-уми март Гончарова ва падараш дар миёни тахминан даҳ нафари дигар буданд, ки дар нуқтаҳои гуногуни шаҳри Минск боздошт шуданд.
Эътирозгарон дар Беларус аз натиҷаҳои интихоботи президентии 9-уми августи соли гузашта, ки ба иттилои мақомот бо пирӯзии Александр Лукашенко анҷомид, розӣ нестанд. Аз он замон то кунун мавҷи эътирозҳо дар Минск ва гӯшаҳои дигари Беларус кам намешавад.
Лукашенко, ки аз соли 1994 дар сари қудрат аст, ишора кардааст, ки мақомашро тарк карданӣ нест.
Мақомоти интизомӣ то ҳол ҳазорҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо журналистро, ки эътирозҳои мардумиро бозтоб медоданд, дастгир ва ҳабс карданд. Баъзе аз онҳо ҳукмҳои тӯлонии зиндон гирифтанд. Дар пайи фишору таъқибҳо, баъзе аз сиёсамтадорони мухолиф маҷбур шуданд, аз кишвар бираванд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, шаҳодати воқеии инро доранд, ки нирӯҳои интизомӣ дар Беларус боздоштшудаҳоро шиканҷа мекунанд.
Александр Лукашенко тақаллуб дар интихоботро рад мекунад ва то ба ҳол ҳеҷ гоҳ омода нашудааст, бо мухолифон мулоқот карда, ҳарфи онҳоро бишнавад. Талаби мухолифон ин аст, ки Лукашенко истеъфо бидиҳад ва дар кишвар интихоботи нав баргузор гардад.
Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Канада ва баъзе аз кишварҳои дигар гуфтанд, ки пирӯзии Лукашенкоро эътироф намекунанд. Кишварҳои ғарбӣ, инчунин, ба Лукашенко ва чандин мансабдори баландпояи Беларус таҳрим ҷорӣ карданд.
Ҳукумат нав сарфаҳми дунё рафта истодааст, баъди 30 сол. Ана бо ки доду гирифт кардан даркор на бо Россия. Нафти аз ҳама арзон дар дунё.
Дар ҳақиқат ман ҳам пас аз дидани шарҳи Шумо аҳамият додам...
апаи Фаришта Ғаниева шояд хонаро ба ҳамин мард монда худат дар ҷои дигар (иҷора) бо фарзандони беморат рафта зиндаги мекуни агар айбро надонанд.
Сархатиб чиноят кардааст ё не, инро макомоти тафтишоти ва суди бахо медихад. Бехуда ва беасос оид ба боздоши сархатиб сухан гуфтан холо ба маврид нест. Агар чиноят содир карда бошад, гунохаш исбот шуд дар назди конун чавоб гуяд, агар бегунох бошад, бояд хатман озод шавад. Шахс барои як сухан ё фикри худоро гуфтан чавобгар намешавад. Холате, ки гуё Сархатиб дар маросими даъфни Домулло Хикматулло охиринро яке аз Пешвохо гуфта бошад, ин асос барои ба чавобгари кашидан намешавад. Инчо мумкин номбурда дигар кирдорро содир карда бошад. Агар аз акидаи равияи Салафия химоят карда бошад, тибки конунхои мо дар Точикистон равияи Салафия иттиходи экстремисти эътироф шуда, фаъолияташ манъ аст ва барои ин кирдор чавобгарии чинояти пешбини шудааст. Шумо хаматон ёд доред, ки ташкилоти террористии байналмилали бо ном "Давлати исломи", ки дар Ироку Сурия чанг кардаанд ва холо хам дар баъзе минтакахои ончо ва Афгонистон зухур доранд, асосгузорони ин ташкилот аъзоёни хамин равияи Салафия мебошанд. Яъне равияи Салафия барои мардуми мо барои мазхаби мо бегона аст.
номард бошу зинда бош !!! мардирам намондай да мардо !!! ба кадом акл ами фикр да сари ами мард задай ма намедонум . нахо ту аз чизи зана умед куни пул мол хона мардик кучодай ??