Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Левон Тер-Петросян истеъфои Никол Пашинянро тақозо кард


31-уми маи соли 2011. Левон Тер-Петросян (аз чап) даст ба даст бо Никол Пашинян дар як минбар истодааст
31-уми маи соли 2011. Левон Тер-Петросян (аз чап) даст ба даст бо Никол Пашинян дар як минбар истодааст

Нахустин президенти Арманистон Левон Тер-Петросян ба гуфтааш, “ба хотири манфиати мардум” истеъфои билофосилаи нахуствазир Никол Пашинянро тақозо кард. Тер-Петросян гуфт, Пашинян бояд ихтиёран аз мақом истеъфо диҳад, “бо масунияти қонунӣ”-и парлумон бархӯрдор шавад ва муваққатан кишварро тарк кунад. Дар матлабе, ки дар вебсайти ilur.am ба забони англисӣ нашр шуд, президенти собиқ гуфт, агар чунин кор шуд, як нафари беҳизбу бетараф бояд ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи нахуствазир сари кор ояду бетараф боқӣ монад ва интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумониро даъват кунад. Мухолифон ба Пашинян фишор меоранд, ки истеъфо диҳад, чун аз мағлубияти Арманистон дар ҷанги Қаробоғи Кӯҳӣ бо Озарбойҷон ӯро гунаҳгор мекунанд. Эътилофи мухолифон намоишҳои эътирозӣ ташкил карда, истеъфои Пашинянро талаб доранд. Пашинян гуфтааст, ки ба истеъфо намеравад, вале ишора кардааст, ки интихоботи пеш аз мӯҳлат имконпазир аст.

XS
SM
MD
LG