Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори Озарбойҷон гуфт, "асирони ҷанг"-ро ба Арманистон супурдаанд


Ҷайҳун Байрамов, вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон
Ҷайҳун Байрамов, вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон

Як мансабдори баландпояи Озарбойҷон гуфт, "асирони ҷанг"-ро, ки ҳангоми низоъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ дастгир шудаанд, ба Арманистон дод.

Ҷайҳун Байрамов, вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон, дар ин бора рӯзи 15-уми март дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Вай гуфт, Озарбойҷон ҳанӯз дар ҷараёни низои мусаллаҳона ба супурдани сарбозони асируфтодаи арманӣ оғоз карда буд, аммо таъкид кард, "низомиёне, ки баъд аз хатми ҷанг дастгир шудаанд, асир ба шумор намераванд."

Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон дар айни замон шикоят кард, ки Боку то ба ҳол аз Арманистон харитаи қитъаҳои минакоришударо дар ҳудуди Қаробоғи Кӯҳӣ дастрас накардааст.

Арманистон дар бораи гуфтаҳои вазири озарбойҷонӣ то ба ҳол хабаре пахш накард.

Дар тирамоҳи соли гузашта Озарбойҷону Арманистон давоми шаш ҳафта дар Қаробоғи Кӯҳӣ бо ҳам ҷангиданд ва ин низоъ бо имзои созиши сулҳ поён ёфт.

Бар асоси ин қарордод, ки бо миёнравии Русия имзо шуд, ҷараёни оташбасро дар ин қаламрав нирӯҳои посдори сулҳи Русия назорат мекунанд.

Имзои созиши оташбас боис шуд, ки сарвазири Арманистон, Никол Пашинян, мавриди интиқоди зиёд қарор гирад ва ҳоло мухолифону тарафдорони онҳо истеъфои ӯ ва ҳукуматро талаб доранд.

Бар асоси созиш, назорат бар Қаробоғ ва аксар манотиқи атрофи он ба Озарбойҷон гузашт. Қаробоғи Кӯҳӣ минтақаи ҷудоиталабе дар ҳудуди Озарбойҷон аст.

XS
SM
MD
LG