Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАСС: Макони нави Навлний зиндони Покров аст


Зиндони рақами 2-и шаҳри Покров. Дар ҳудуди он як калисои масеҳӣ қомат афрохтааст
Зиндони рақами 2-и шаҳри Покров. Дар ҳудуди он як калисои масеҳӣ қомат афрохтааст

Оҷонсии хабарии давлатии ТАСС дар Русия навишт, ки сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний дар як зиндони шаҳри Покров нигаҳдорӣ мешавад. Айни замон, ба иттилои ҳамкоронаш, ба онҳо дар бораи макони нигаҳдории ӯ ҳеҷ иттилои расмӣ дода нашудааст. Ба навиштаи хабаргузорӣ, дар номае, ки дастрас кардааст, Навалний дар муассисаи ислоҳии рақами 2-и Покров мебошад ва ӯро зоҳиран чанд рӯз пеш ба он ҷо интиқол додаанд. Ин хабар дар ҳолест, ки вакили дифои Навалний ҳафтаи гузашта гуфт, вақте ба боздоштгоҳи вилояти Владимир барои дидани ӯ рафт, барояш гуфтанд, ки Навалний ба ҷои дигар интиқол дода шудааст, вале нагуфтанд ба куҷо. Навалний, ки баъди як заҳролудшавӣ бо заҳри низомие дар Сибир давоми ним сол дар Олмон табобат гирифту моҳи январ ба Маскав баргашт, боздошт ва баъди ду ҳафтааш ба 2,5 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ гуфт, ки ӯ ҳукми додгоҳи соли 2014-ро дар бораи ҳабси шартӣ нақз кард. Ин қарор эътирози тарафдорони ӯро ба бор овард ва Ғарбу Аврупо саркӯби эътирозгарону ҳабси Навалнийро маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG