Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар утоқҳои зиндонҳои Тоҷикистон камераҳо насб мешаванд


Як зиндони низомаш сангини Тоҷикистон
Як зиндони низомаш сангини Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи ислоҳоти низоми зиндонҳои Тоҷикистонро то соли 2025 тасдиқ кардааст. Мувофиқи ин барнома, аз ҷумла харидорӣ ва насби дурбин ва ё камераҳои мушоҳидавӣ дар ҳама зиндонҳо пешбинӣ шудааст. Дар ҷадвали ислоҳоте, ки ҳукумат тасдиқ кард ва матнаш рӯзи 15-уми март дастраси Радиои Озодӣ шуд, гуфта мешавад, бо насби дурбинҳои назоратӣ инчунин “нуқтаи мутамаркази назорати рафтори маҳкумшудагон” дар кишвар ташкил карда мешавад.

Ҳамчунон дар доираи барномаи ислоҳот харидорӣ ва насб кардани таҷҳизоте, ки мавҷи телефони мобил ва интернетро барҳам мезанад, дар назар аст. Тибқи ин нақша дар зиндонҳо “таҷҳизоти техникии рентгении мушоҳидавӣ (GPS) насб хоҳад шуд, ки ҳама гуна мавҷи мобилӣ ва интернети фосилавиро мушоҳида карда онро маҳв мекунанд. Дар натиҷа зиндониён аз телефони мобил истифода карда наметавонанд. Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон зиндониён ҳақи истифода аз телефони мобилро надоранд, аммо зиндониён бо ҳар роҳу восита онро дастрас мекунанд.

Низоми зиндонҳои Тоҷикистон пас аз ошӯби хунини маҳбусон соли 2018 дар Хуҷанд ва баъдан дар Ваҳдат ва марги зиндониён ҳангоми интиқол аз Суғд ба Душанбе интиқоди ҳомиёни ҳуқуқро ба бор оварда буд. Мақомот ҳамакнун як барномаи ислоҳотро рӯи даст гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG