Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 10 соли ҷанг дар Сурия беш аз 388 ҳазор нафар ҷон бохтанд


Шаҳри Идлиби Сурия.
Шаҳри Идлиби Сурия.

Гурӯҳи нозирони ҳуқуқи башар дар Сурия рӯзи 14-уми март ва дар остонаи даҳсолагии ҷанги дохилӣ дар ин кишвар омори кушташудагонро беш аз 388 ҳазор нафар эълон кард. Ин гурӯҳи мухолифи ҳукумат гуфт, беш аз 117 ҳазори онҳо ғайринизомиён, аз ҷумла зиёда аз 22 ҳазор кӯдак буданд.

Рӯзи 15-уми март даҳумин солгарди оғози буҳрон дар Сурия ба шумор меравад. Даҳ сол пеш дар ин рӯз эътирозҳои ҷонибдорони демократия дар Сурия оғоз шуд, вале ин тазоҳурот бо саркӯбҳо рӯ ба рӯ гашт ва дар ниҳоят ба ҷанги дохилӣ сабаб шуд.

Ин амр боис гардид, ки ҷангҷӯёни хориҷӣ ба ин кишвар сарозер шаванд ва роҳро барои мудохилаи кишварҳои берунӣ боз кунанд. Дар натиҷа, садҳо ҳазор мардуми ин кишвар овора шуданд.

Дар ҷанги дохилии Сурия, Русияву Эрон аз ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад ҳимоят карданд. Дар муқобил Амрико ва баъзе дигар аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Туркия, аз мухолифони ҳукумати Сурия пуштибонӣ карданд.

Гурӯҳи нозири ҳуқуқи башар дар Сурия се моҳ пеш, дар охирин рӯзҳои соли 2020, гузориш дод, ки дар ин сол 6 ҳазору 817 нафар дар Сурия кушта шудаанд ва ин камтарин шумора дар тӯли ҷанги дохилии Сурия ба ҳисоб меравад.

Ин гурӯҳ коҳиши талафотро дар соли гузашта ба "тамоюли байналмилалӣ" барои поёни хунрезӣ дар Сурия рабт додааст. Моҳҳои гузашта дар минтақаҳои шимолии Сурия бештар оташбас барқарор буд. Дар ин давра таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ бештар ба пандемияи коронавирус нигаронида шуда буд. Бо ин вуҷуд, хушунатҳо дар ин кишвар қатъ нашудааст.

Хунинтарин сол дар тӯли ҷанги дохилии Сурия соли 2014 буд, ки тибқи гузоришҳо беш аз 67 ҳазор нафар кушта шуданд.

Акнун ҳудуди 62 дарсади Сурия зери назорати нерӯҳои ҳукуматӣ ва ниманизомиёни ҳампаймони онҳо аст. Минтақаҳои боқимондаи ин кишвар низ дар дасти ниманизомиёни курд, шӯришиёни зери назорати Туркия ва ниманизомиёни исломгарост.

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, рӯзи якшанбе ҷанги дохилии Сурияро яке аз бадтарин бӯҳронҳои инсонӣ дар даврони охир номад ва гуфт, ҳама талош кунанд, то умедро ба ин кишвари вайрон бозгардонанд.

Бино ба омори расмӣ, аз соли 2014 ва баъд аз зуҳури ДОИШ тақрибан 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ин созмон ва дигар гуруҳҳои тундрав дар Ироқу Сурия пайвастанд.

Манобеъ дар ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон мегӯянд, бештар аз 500 шаҳрванди кишвар дар ҷангҳо кушта шудаанд. Қисме аз занони ҷангҷӯёни тоҷик дар зиндонҳои Ироқ ҳастанд, бахше дигар бо кӯдакон дар урдугоҳҳо дар Сурия қарор доранд. Мақомот даҳҳо кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷикро аз Ироқ ба кишвар овардаанд.

XS
SM
MD
LG