Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косово сафорати нави худро дар Байтулмуқаддас боз кард


Парчами Косово дар назди сафорати ин кишвар дар Байтулмуқаддас
Парчами Косово дар назди сафорати ин кишвар дар Байтулмуқаддас

Косово сафорати нави худро дар Байтулмуқаддас ифтитоҳ кард. Равобити миёни ин кишвар ва Исроил шаш ҳафта пеш расман оғоз шуд.

Вазири корҳои хориҷии Косово рӯзи 14-уми март гуфт, ин сафорат ба афзоиши ҳамкории дуҷониба ва тақвияти мавқеи байнулмилалии ин кишвар сабаб мешавад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, дар моҳи сентябри соли гузашта як ҷаласаи раҳбарони Косово ва Сербистонро бо ҳадафи одӣ кардани равобити миёни ду кишвари ҳамсоя дар Қасри Сафед баргузор кард. Вале ин ҷаласа зери шуои ин эълон қарор гирифт, ки Косово розӣ шудааст, Исроилро ба расмият шиносад.

Дар ин ҷаласа Белград (Сербистон) ҳам мувофиқа кард, ки сафорати худро ба Байтулмуқаддас мекӯчонд, коре, ки ҳанӯз анҷом надодааст.

XS
SM
MD
LG