Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Мянмар ду нафари норозиро бо зарби тир куштаанд


Эътирозҳо дар Мянмар аз моҳи феврал ба ин сӯ идома дорад
Эътирозҳо дар Мянмар аз моҳи феврал ба ин сӯ идома дорад

Нирӯҳои амниятии Мянмар (Бирма) дар идомаи саркӯби эътирозҳо дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Янгон, ду нафарро куштаанд. Эътирозҳо аз моҳи гузашта ба ин тараф ба зидди кудето ё табаддулоти низомиён идома дорад.

Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 14-уми март гузориш доданд, ки пулис ҳарду қурбониро паррондааст. Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, садои тирпаронӣ шунида мешавад.

Як рӯз пеш дар Мандалай, дувумин шаҳри бузурги Мянмар, чаҳор нафар ва дар шаҳракҳои дигар се касро куштаанд.

Созмони Милали Муттаҳид ҳафтаи гузашта гуфт, аз 1-уми феврал, замони ишғоли қудрат аз тарафи артиш дар Мянмар, камаш 70 нафар кушта шуданд.

Сарпарасти махфии ҳукумати ғайринизомии Мянмар, ки яке аз аъзои ҳизби раҳбари барканоршуда Аунг Сан Су Чи аст, гуфт, кишвар "ториктарин лаҳза"-и худро сипарӣ мекунад. Вай дар як изҳороти видеоӣ афзудааст, ҳаргиз таслими "як артиши золим" нахоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG