Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба хонаводаи Ҷорҷ Флойд дар ИМА $27 миллион ҷуброн пардохт мекунанд


Лавҳаи ёдгорӣ дар макони ҳалокати Ҷорҷ Флойид
Лавҳаи ёдгорӣ дар макони ҳалокати Ҷорҷ Флойид

Ҳукумати шаҳри Миннеаполис дар ИМА розӣ шудааст, ки ба хонаводаи Ҷорҷ Флойд, амрикоии африқоитабор, ки ҳангоми боздошти пулис дар моҳи майи соли гузашта фавтид, 27 миллион доллар ҷуброн пардохт кунад.

Хонаводаи Ҷорҷ Флойд ба додгоҳ муроҷиат карда буданд ва ҳукумати ин шаҳр қабл аз оғози баҳсҳои додгоҳӣ ба пардохти ин миқдор маблағ розӣ шудааст.

Дар бораи ин қарор наздикони Флойд ва мири шаҳри Миннеаполис дар нишасти матбуотӣ хабар доданд.

Ин созишнома ба парвандаи Дерек Шовин, пулисе, ки дар марги Ҷорҷ Флойд айбдор мешавад, дахл надорад. Пулиси муттаҳам гуфтааст, аз рӯйи оиннома амал кардааст ва гуноҳе надорад.

Ин пулис ҳангоми боздошт бо зону гардани Ҷорҷ Флойдро зер карда буд ва ӯ аз нафастангӣ фавтидааст.

Марги ин амрикоии африқоитабор мавҷи эътирозҳо дар саросари амрикоро ба бор овард. Африқоитаборони Амрико эътироз карданд, ки маҳз Флойд ба хотири сиёҳпуст буданаш ба чунин муносибати пулис рӯ ба рӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG