Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркише дар Ҳирот 7 нафар кушта ва 53 нафар маҷруҳ шудааст


Инфиҷор дар яке аз хиёбонҳои Кобул
Инфиҷор дар яке аз хиёбонҳои Кобул

Инфиҷори мошини бомбгузоришудае дар наздикии Идораи пулиси Ҳироти Афғонистон ҳафт нафарро кушта, 53 нафари дигарро маҷрӯҳ кардааст.

Абдулвоҳид Каталӣ, волии Ҳирот ба Радиои Озодӣ гуфт, ки як нафар аз кормандони амниятӣ низ кушта шудааст ва ҳашт нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.

Мақомоти тандурустии Ҳирот гуфтанд, ки дар миёни маҷрӯҳон занон ва кӯдакон низ ҳастанд.

Дар ин инфиҷор даҳҳо хона ва дӯконҳо низ осеб дидаанд. Ҳеҷ гуруҳе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, аммо Вазорати корҳои дохилии Афғонистон онро кори дасти гуруҳи Толибон донист.

Бомбгузории охир дар ҳолест, ки музокироти сулҳ миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон қатъ шудааст. ИМА талош дорад, ки ин музокирот аз сар гирифта шавад ва созишномаи сулҳ дар Афғонистон зудтар баста шавад.

XS
SM
MD
LG