Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев: Тошканд ва Бишкек мушкилоти марзро дар 3 моҳи дигар ҳал хоҳанд кард


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёёев
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёёев

Узбекистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки дар давоми се моҳи оянда масъалаи таъйин ва аломатгузории хатти марзҳои давлатии худро ба поён расонанд.

Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёёев 11 март дар як нишасти хабарӣ баъди мулоқот бо ҳамтои қирғизи худ содир Ҷабборов дар шаҳри Тошканд хабар дод.

"Баъзе аз масъалаҳоеро, ки мардум мунтазиранд, дар наздиктарин муддат ҳал хоҳем кард. Масъулияти воқеан ҷиддиро бар зимма мегирем, то шаҳрвандони ду кишвар роҳат ва хуб зиндагӣ кунанд", - гуфт Мирзиёев.

Қирғизистон бо Узбекистон 1378 километр марзи муштарак дорад, ки 1170 километр ё 85 дарсади он аломатгузорӣ шудааст. Дар миёни ду кишвар 9 минтақаи баҳсталаб вуҷуд дорад ва ин номуайянӣ дар бештари маврид боиси низоъҳои марзӣ миёни сокинони дуҷониб хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG