Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алексей Навалнийро ба зиндони дигаре бурдаанд


Алексей Навалнийро пас аз бозгашт аз Олмон дар фурудгоҳ дастгир карданд. Ӯро барои муолиҷа ба Берлин бурда буданд.
Алексей Навалнийро пас аз бозгашт аз Олмон дар фурудгоҳ дастгир карданд. Ӯро барои муолиҷа ба Берлин бурда буданд.

Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлат дар Русия мегӯяд, ки ӯро аз як боздоштгоҳи Вилояти Владимир ба ҷойи дигар ва номаълуме интиқол додаанд. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ғарбӣ аз ҳукумати Русия тақозо доранд, ки Навалнийро фавран аз зиндон озод кунад.

Алексей Навалнийро моҳи гузашта бо гуноҳи риоят накардани қоидаҳои адои зиндони шартӣ ба дувуним соли зиндон маҳкум карданд. Навалнийро пештар бо гуноҳи тақаллуби молӣ ба зиндони шартӣ маҳкум карда буданд, ҳарчанд худаш мегӯяд, ки иттиҳомот сохтаву бофта ва дорои ангезаҳои сиёсӣ буд. Мақомоти Русия ин иддаоро рад кардаанд.

Олга Михайлова, вакили дифои Алексей Навалний рӯзи 12-уми март дар Твиттер навишт, ки онҳо ба Боздоштгоҳи рақами 3 дар Колчугино рафтаанд ва мақомоти зиндон онҳоро саргардон карда ва дар охири рӯз гуфтаанд, ки “Навалний инҷоро тарк кард.” Олга Михайлова ба радиои “Эхо Москви” гуфтааст: “Хадамоти муассисаҳои ислоҳӣ макони нигаҳдории Алексейро ҳам аз хешовандон ва ҳам аз вакилонаш пинҳон медоранд.”

Навалний рӯзи 3-уми март гуфта буд, ки ӯро аз Маскав ба боздоштгоҳи шаҳри Колчугино мебаранд, вале шояд барои адои ҳукм ба зиндони шаҳри Покров дар 100 километрии шарқи Маскав интиқол дода шавад. Ин зиндонро яке аз зиндонҳое бо шароити сахт дар Русия ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG