Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон баъди Озарбойҷон дар бораи машқҳои низомӣ хабар дод


Низомиёни арманӣ
Низомиёни арманӣ

Арманистон гуфт, ки ҳафтаи оянда машқҳои низомие барпо мекунад, ки аз назари вақт бо айни чунин машқҳои эълоншуда дар хоки Озарбойҷони рақибаш мусодиф омадааст. Тирамоҳи соли 2020 ду кишвари ҳамсоя бар сари минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ шаш ҳафта ҷангиданд. Ин қаламрав сӣ сол пеш аз ҷониби аксар арманитаборҳо ишғол шуда буд ва дар давоми се даҳсола раҳбарияти он аз итоат кардан ба ҳукумати Боку саркашӣ кардааст. Низои ахире, ки дар он садҳо нафар аз ҳарду ҷониб кушта шудаанд, бо имзои созиши сулҳи зери назари Русия хотима ёфт ва Боку назоратро аз болои бахше аз қаламравҳои Қаробоғи Кӯҳӣ барқарор намуд. Вазорати дифои Арманистон дар изҳороте, ки 12-уми март нашр кард, гуфт, “бар асоси нақшаи нимаи аввали соли 2021, нирӯҳои мусаллаҳи Арманистон дар ҳама самтҳо амалиёти тамринии тактикиву касбӣ бо ҷалби нирӯҳои омехта ва вижа барпо мекунанд”. Ба иттилои вазорати дифоъ, дар тамринҳо 7500 нирӯ, 200 мушак ва воҳидҳои тӯпхонаӣ, беш аз 150 тонку дигар муҳимот, тахминан 100 мошини низомӣ ва беш аз 90 воҳиди ҷангии зиддиҳавоӣ ва ҳавопайҳои ҷангӣ иштирок хоҳанд кард”.

Рӯзи 10-уми март вазорати дифои Озарбойҷон дар бораи нақшаи барпо кардани машқҳои низомӣ дар таърихи 15 то 18-уми март хабар дод. Ба иттилои вазорат, дар ин машқҳо 10 ҳазор нирӯ, тахминан 100 тонк ва дигар намуди мошинҳои низомӣ, воҳидҳои тӯпхонаӣ, то 30 адад ҳавопаймои ҷангӣ ва дронҳои мухталиф ҷалб мешаванд.

XS
SM
MD
LG