Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар иди матбуоти тоҷик ҷоизаҳо доданд, аз мушкилот нагуфтанд. ВИДЕО


Иди матбуоти тоҷик ҳар сол 11-уми март таҷлил мешавад

Рӯзноманигорони тоҷик бо баргузории маросиме дар шаҳри Душанбе аз иди касбии худ таҷлил карданд, вале ба ҷуз аз тақдими ҷоизаву ифтихорномаҳо, аз мушкилоти соҳа нагуфтанд.

Нишасти бахшида ба 109-солагии матбуоти тоҷик дар толори хурде дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд. Бисёре аз рӯзноманигорон ҷойи нишаст наёфтанд ва аз он норозигӣ карданд, ки чаро мисли солҳои гузашта Вазорати фарҳанг иди матбуотро дар ягон театр баргузор накард.

Нуктаи муҳими иди матбуот дар Тоҷикистон эълони номи барандагони ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аст, ки аз сӯи Иттиҳоди журналистон тақдим мешавад. Зиннатулло Исмоилзода, раиси Иттиҳод, гуфт, имсол барои дарёфти ҷоиза 35 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Ҳайати кумисюн ҷоизаи Лоҳутиро

  • дар бахши радио ба Худоёр Валиев (Радиои Имрӯз) ва
  • дар бахши телевизион ба Муҳаммадраҷаби Ҳанафия (Телевизиони Тоҷикистон), тақдим кард.

Ба гуфтаи раиси Иттиҳоди журналистон, дар бахши матбуот довталабон зиёд буданд ва чаҳор нафар –

  • Ноилшо Нуралиев аз "Омӯзгор",
  • Ҳақназар Каримзода аз "Мароми пойтахт",
  • Тағоймурод Нуралиев аз рӯзномаи "Шаҳриёр"-и шаҳри Ваҳдат
  • Абдулвоҳид Оев, публитсист, соҳиби ин ҷоиза шуданд.

Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад.

"Коронавирус мушкилоти рӯзноманигорони тоҷикро бештар кард"

Давоми ду соати нишасти иди матбуот дар бораи мушкилоти расонаҳо ва озодии баён дар Тоҷикистон тақрибан суҳбат нашуд. Сухангӯён, ки аксаран намояндагони мақомот буданд, асосан аз муваффақиятҳои матбуоти кишвар мегуфтанд. Ҳарчанд таҳлилгарон мегӯянд, соли 2020 аз мушкилтарин солҳо барои расонаҳо дар Тоҷикистон буд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Рӯзи матбуоти тоҷик дар чӣ шароите ҷашн гирифта мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:18 0:00

Тағйирот ба қонун, ки барои ахбори ғалат дар бораи коронавирус ҷарима таъйин кард аз маҳдудиятҳои дигаре буд, ки соли гузашта ҷорӣ шуд ва интиқодҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқро ба миён овард.

Набӣ Юсупов
Набӣ Юсупов

Набӣ Юсупов, рӯзноманигори тоҷик ва муассиси сомонаи “нуқта.тҷ” мегӯяд, пандемия ба мушкилоти фаровони рӯзноманигорони Тоҷикистон дардисарҳои наверо зам кард. Ба гуфтаи ӯ, “бисёр нашрияҳо дар он рӯзҳо маҷбур шуданд ба кори фосилавӣ гузаранд, бархеи дигар шумори кормандонашонро кам карданд. Баъзеи дигар маҷбур шуданд, як муддат кори худро боздоранд. Баъзе аз ҳафтаномаҳо дар як моҳ ду бор нашр шуданду бас. Ҳамаи ин ба журналистикаи тоҷик таъсири манфӣ гузошт.”

Аммо мақомот ба интиқодҳо дар бораи бад шудани вазъи озодии баён ва кори расонаҳо дар Тоҷикистон розӣ нестанд. Масъулини Вазорати фарҳанг рӯзи 11-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, шароити қонунӣ барои кори озодонаи рӯзноманигорон дар кишвар фароҳам аст.

Раҳмоналӣ Шералиев, сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг, мегӯяд, тақрибан 75 дарсади фазои иттилоотии Тоҷикистонро расонаҳои ҷамъиятиву мустақил пур мекунанд. Ӯ, инчунин, гуфт, онҳо то имрӯз ягон дархост барои сабти номи расонаҳои мустақилро рад накардаанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён танқид кардаанд. Аз ҷумла, дар рейтинги ахири созмони хабарнигорони бидуни марз Тоҷикистон дар миёни 180 кишвар дар мақоми 161-ум ҷой дода шуд.

Назари мардум дар бораи озодии матбуот:

То замони касби истиқлоли Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи "Правда" - нашрияи асосии Ҳизби коммунисти Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд.

Дар соли 1994 бо пешниҳоди муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Пайванди Гулмуродзода Рӯзи матбуоти тоҷик, 11-уми март муқаррар шуд. Ин сана аз чопи нахустин шумораи нашрияи тоҷикии "Бухорои Шариф" гирифта шудааст. "Бухорои шариф" бори аввал 11-уми марти соли 1912 чоп шуда буд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG