Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ба Арабистони Саудӣ меравад


Дастаи "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ.
Дастаи "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гурӯҳи «А» бо иштироки қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» -и Душанбе - дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, “Истиқлол” дар як гурӯҳ бо бошгоҳҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Шабоб Ал-Аҳлии Дубай” (Имороти Муттаҳидаи Араб), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф “Ал-Ғарафа” (Қатар) - АГМК (Узбекистон) бозӣ мекунад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АФК-2021 қаҳрамони Тоҷикистон шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дар бозии аввалини худ дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа "Истиқлол" рӯзи 15-уми апрел бо қаҳрамони Имороти Муттаҳидаи Араб - бошгоҳи "Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай" - рақобат хоҳад кард.

Виталий Левченко, сармураббии дастаи «Истиқлол», гуфт, "Лигаи қаҳрамонҳо барои мо як даъвати нав аст, мехоҳем натиҷаҳои баландро ба даст орем ва мухлисони худро бо ҳар бозӣ шод гардонем."

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар даҳ гурӯҳ сурат мегирад. Даври гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар минтақаи Ғарб аз 14-ум то 30-юми апрел ва дар минтақаи Шарқ аз 21-уми апрел то 7-уми май дар шакли мутамарказ баргузор мешавад.

Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои севумро мегиранд ва нишондиҳандаҳояшон хубтар аст, дар даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 иштирок хоҳанд кард.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон).

Даври 1-ум

15-уми апрел (панҷшанбе)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – Ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

Даври 2-юм

18-уми апрел (якшанбе)

Ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 3-юм

21-уми апрел (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

24-уми апрел (шанбе)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – Ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 5-ум

27-уми апрел (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум

30-юми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон)

XS
SM
MD
LG