Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 3 нафар бар асари фаромадани тарма дар ноҳияи Айнӣ. ВИДЕО


Роҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Роҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Бар асари фаромадани тарма дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд се нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ҳодиса шоми 10-уми март дар мавзеи Кумарғи Боло, наздикии "Кооператсия 19" – корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа се корманди ташкилот – Хурсандмурод Халифаеви 51-сола аз ноҳияи Айнӣ, Муҳиддин Бадалови 40-сола ва Муҳриддин Ҳасанови 33-сола, ҳарду аз ноҳияи Шаҳринав, дар зери тарма монда, ҳалок шудаанд.

Масъулони Кумита гуфтанд, ҷасади фавтидагонро бо ёрии кормандони корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин аз зери тарма берун бароварданд.

Дар ҳоле ки мақомот аз ин бештар ҷузъиёт намедиҳанд, як коргари ширкат рӯзи 11-уми март бо Радиои Озодӣ дар тамос шуд ва гуфт: "Ҳодиса замоне рух дод, ки туман (меғ) фаромада, барф борида буд. Маҷбурӣ ба кор бароварданд. Вақте корашон тамом шуд, мошин наомад ва онҳо пиёда ба роҳ баромаданд ва дар зери тарма монданд."

Ба қавли мусоҳиби мо, дар умум панҷ нафар зери тарма монда, ду кас ҷони солим бадар овардаанд.

Навори корбарон: Тарма дар ноҳияи Айнӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

Дар Кумарғи Болои ноҳияи Айнӣ як кони тилло вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон онро бар ивази сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба ширкати чинии TBEA дод.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, "бале, кон дар ихтиёри TBEA аст, аммо ширкати дигари чинӣ бо номи "Корпоратсия 19" иҷрокунандаи кор аст. Ин ҳодиса, бино бар, хунукназарии масъулон рух дод. Дар рӯзи туману барф ба кор баромадан мумкин нест, аммо ширкати чинӣ маҷбур мекунад. Агар набароем, мегӯянд, аз кор равед."

Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ бо сабаби пеш наомадани мушкил дар кор зикри номашро нахост, вале гуфт, бояд ба мушкили онҳо расидагӣ шавад.

Масъулони ширкати чинӣ дар ин замина чизе нагуфтаанд ва талоши мо барои ёфтани онҳо ва посух гирифтан ба суолҳо то ин дам бенатиҷа буд. Дар умум, масъулони ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон бо матбуот суҳбат намекунанд.

Чанд рӯз қабл як гуруҳ аз коргарони тоҷик, ки дар сохтмони бинои асосии ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе кор мекунанд, низ аз рафтори корфармоёни чинӣ норозигӣ карда буданд. Аз он пеш як гуруҳ кормандони кони тиллои «Покрӯд» низ айни мушкилро баён доштанд.

Дар Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин бора расман шикоят нагирифтанд ва бе арзу шикоят ширкату корхонаҳоро тафтиш карда наметавонанд.

XS
SM
MD
LG