Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА вазъи озодии матбуотро дар Полша, Венгрия ва Словения баррасӣ мекунад


Андрас Арато, раҳбари "Клубрадио" рамзи шабакаашро намоиш медиҳад
Андрас Арато, раҳбари "Клубрадио" рамзи шабакаашро намоиш медиҳад

Дар парлумони Аврупо рӯзи 10-уми март баҳсу баррасиҳои вазъи озодии матбуот дар се кишвари узви ин созмон – Венгрия, Полша ва Словения баргузор мешавад. Ин се кишвар барои фишору маҳдудият болои матбуоти мустақил мавриди интиқод қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, талошҳои ҳукуматҳои ин кишварҳо барои хомӯш кардани садои матбуоти мустақил баррасӣ мешавад. Иттиҳоди Аврупо аз муддатҳо пеш ҳукуматҳои миллатгарои Полшаву Венгрияро барои он танқид кардааст, ки равандҳои демократиро ба ҳам зада, дар кори озоди матбуот, созмонҳои маданӣ ва ҳам татбиқи қонунҳо монеаҳо эҷод мекунад. Масалан, дар моҳи феврал мақомот ба радиои венгерии “Клубрадио” дар тамдиди иҷозатномаи кор посухи рад доданд ва ин шабака аз фаъолият бозмонд.

Дар ҷаласа инчунин вазъи Полша баррасӣ мешавад. Ҳукумати миллатгарои Матеуш Мораветски дар ин кишвар бо баҳонаи гӯё ҷамъоварии маблағ ба соҳаи тандурустӣ, қимат ва андози рекламаву дигар таблиғоти тиҷоратиро боло бурданӣ аст. Бисёр расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, ки дар асл мақсади ҳукумат аз ин роҳ мушкил кардани кори расонаҳои мустақил мебошад. Дар Словения, ки қарор аст моҳи июли имсол раҳбарии давраии ИА-ро ба дӯш гирад, журналистон бо таҳдиду фишори афзоянда рӯбарӯ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG