Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ дар Тоҷикистон нав шуд


Хадамоти матбуоти президент гуфт, дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ низ тағйирот сурат гирифтааст
Хадамоти матбуоти президент гуфт, дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ низ тағйирот сурат гирифтааст

Асомуддин Аҳмедов, муовини фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, аз кор озод ва ба ҷойи ӯ Раҷаб Саодатзода таъин шудааст. Дар фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки 10-уми март нашр шуд, сабаби аз мансаб гирифтани Аҳмедовро "гузаштан ба кори дигар” гуфта, вале тафсилот надодаанд.

Дар ин рӯз муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ иваз шуданд.

Бо қарори ҳукумат, Муҳаммадҷон Салимзода ва Рустам Шоҳиён аз мансаби худ барканор ва Сулаймон Исозода, Имомалӣ Иброҳимзода ва Ҳотамшо Латифзода муовинони нави раиси Кумита таъин гардиданд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ низ тағйирот сурат гирифт, аммо ҷузъиёт надодааст. Ба иттилои манбаъ, раиси ҷумҳур "аз як қатор камбудҳо дар сохторҳои зикршуда ёдовар гардида, ба роҳбарони сохторҳо барои рафъи камбудҳо" дастур додааст.

Бино бар он ки ҷаласаҳои ҳукумати Тоҷикистон паси дарҳои баста мегузарад, ҷузъиёти ин суҳбатҳо аз ҷумла камбудҳо маълум нест. Мухолифон тағйироти кадриро дар идораҳои давлатии Тоҷикистон бештар ҷойивазкунии кадрҳои куҳна меноманд.

XS
SM
MD
LG