Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони амрикоӣ барои мубориза бо COVID-19 бастаи $ 1,9 триллиониро қабул мекунад


Кӯчаҳои холии Ню-Йорк дар давраи пандемия
Кӯчаҳои холии Ню-Йорк дар давраи пандемия

Интизор меравад, ки Маҷлиси намояндагони ИМА рӯзи 10-уми март тарҳи қонуни нав оид ба ҷудо кардани 1,9 триллион доллар маблағ барои раҳоӣ аз COVID-19-ро қабул кунад. Дар ҳамин ҳол дар Аврупо мақомот гуфтанд, ки тасдиқи воксинаи сохтаи ширкати Johnson & Johnson як амали ногузир аст. Терри Бретон, як масъули Комиссиюни Аврупо дар умури бозори дохилӣ рӯзи 9-уми март изҳори умедворӣ кард, ки идораи дорувории Аврупо дар рӯзҳои наздик воксинаи ин ширкатро ҳам барои истифода иҷоза медиҳад ва бо ҳамин, шумори воксинаҳои иҷозашуда чор намуд хоҳанд буд. Суръат бахшидани иҷозаи воксинаи нав барои пешбурди барномаи эмкунии сокинони Иттиҳоди Аврупо мусоидат мекунад.

Дар ИМА баъди шурӯи эмкунии мардум бо воксинаҳои зидди COVID-19 дар қиёс бо моҳи январ шумори олудашавиҳо ба коронавирус камтар шудааст.

Коронавирус, ки беш аз як сол инҷониб дар саросари сайёра гардиш мекунад, иқтисодҳоро осеб расонида, бисёриҳоро дар ҳолати фақр қарор додааст. Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд пешбинӣ кардааст, ки иқтисоди ҷаҳонӣ имсол рушди 5,6-дарсадӣ хоҳад дошт. Қарор аст, Маҷлиси намояндагон бо тарҳи ироаи кӯмакҳо мувофиқат карда, 11-уми март онро ба имзои президент Ҷо Байден фиристад.

XS
SM
MD
LG