Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи каратэ дар Работи Марокаш ба таъхир гузошта шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Марҳилаи аввали премйер-лигаи каратэ дар Работи Марокаш ба таъхир гузошта шуд. Ҳамакнун варзишгарон имкон доранд, ки дар мусобиқаи Лиссабони Португалия имтиёзҳои олимпӣ ба даст биёранд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, пойтахти Марокаш бояд мусобиқаро моҳи апрели соли равон баргузор мекард, аммо ба иллати вазъи ногувори тандурустии ҷаҳонӣ он рӯзҳои 29-31-уми октябр ба нақша гирифта шуд ва дар интихоби варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Токио ҳеҷ нақше надорад.

Федератсияи ҷаҳонии каратэ-до тасдиқ кард, ки марҳилаи аввали премйер-лига дар Лиссабон ба ҷои мусобиқаи Работ интихобии олимпӣ хоҳад буд. Мусобиқа дар Лиссабон аз 30-юми апрел то 2-юми майи имсол ба нақша гирифта шудааст, аммо қабл аз он премйер-лига 12-уми март дар Истамбул шуруъ мешавад.

Мусобиқа дар Работ бояд охирин сабқати премйер-лигаи каратэ мебуд, ки варзишгарон имтиёзҳои олимпӣ ба даст меоварданд.

Ҳамакнун мусобиқа дар Португалия ҳамчун охирин мусобиқаи интихобии олимпӣ маҳсуб меёбад. Охири моҳи май радабандии ҷаҳонӣ ҷамъбаст ва 4 варзишгари беҳтарин дар ҳар дараҷаи вазнӣ ба Олимпиадаи Токио роҳхат мегиранд.

Мусобиқа дар Лиссабон, қаҳрамонии Аврупо ва мусобиқаи интихобӣ дар Порис се мусобиқаи боқимондаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпӣ ҳисоб меёбанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо оид ба каратэ рӯзҳои 19-23-юми май дар Поречи Хорватия ва мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Порис рӯзҳои 11-13-уми июн ба нақша гирифта шудаанд.

Марҳилаҳои премйер-лигаи каратэ дар Маскав ва Мадрид соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус лағв шуда буданд.

XS
SM
MD
LG