Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пашинян гуфт, қарори барканории сарфармондеҳи артиш ба ҳукми иҷро даромад


Раиси ситоди артиш Оник Гаспарян яке аз дигар раҳбарони низомии Арманистон буд, ки истеъфои худи Пашинянро талаб кардааст
Раиси ситоди артиш Оник Гаспарян яке аз дигар раҳбарони низомии Арманистон буд, ки истеъфои худи Пашинянро талаб кардааст

Дар пасманзари эътирозҳо бо талаби истеъфои нахуствазири Арманистон, худи Никол Пашинян 10-уми март эълон кард, ки сарфармондеҳи артиш Оник Гаспарян аз мақомаш сабукдӯш шуд. Дар вебсайти ҳукумати Арманистон бо нашри ин хабар гуфта шудааст: азбаски президент Армен Саркисян қарори барканории Гаспарянро имзо накард ва айни замон аз болои ин қарор ба Додгоҳи конститутсионӣ шикоят набурд, қарори барканории раҳбари артиш ба ҳукми иҷро медарояд. Баъди ҷанги шашҳафтаина дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ ва имзои созиши оташбас бо Озарбойҷон дар моҳи ноябр, нахуствазири Арманистон таҳти фишори шадиди мухолифонаш қарор гирифтааст, чун онҳо истеъфои ӯро талаб мекунанд. Тарафдорони мухолифон ва эътилофи ҳизбҳои оппозитсионӣ истеъфои Пашинянро талаб мекунанд, вале худи ӯ то ҳол гуфтааст, ки ба истеъфо розӣ нест.

XS
SM
MD
LG