Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Блинкин ба Ғанӣ ва лаҳни ҳушдоромези ӯ дар бораи сулҳи Афғонистон


Вазири умури хориҷии Амрико бо ирсоли номае ба раиси ҷумҳури Афғонистон аз эҳтимоли қудратмандтар шудани Толибон дар сурати хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ҳушдор дод ва роҳҳоеро барои суръат бахшидани раванди сулҳи дар Афғонистон ва даст ёфтан ба оташбаси доимӣ пешниҳод кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳам таъйид кард, ки чунин номаеро аз Вазири умури хориҷии Амрико дарёфт кардааст.

Дар номаи Энтони Блинкин омадааст, ки қарор аст Вашингтон аз Созмони Милали Муттаҳид бихоҳад, то нишасти байналмилалӣ бо ҳузури вазирони хориҷӣ ва намояндагони Русия, Эрон Чин, Покистон ва Амрико баргузор кунад. Дар ин нома ҳамчунин гуфта шудааст, ки чунин нома ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллӣ низ фиристода шудааст.

Ин нома меафзояд, ки ҳукумати Ҷо Байден аз Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон хостааст то "нусхати хаттии пешниҳодҳо"-ро, ки ҳадафи он суръат бахшидани раванди сулҳ ва оташбаси танзимшуда аст, дар ихтиёри Ашраф Ғанӣ ва раҳбарони Толибон гузорад.

Дар бахши дигаре аз ин номаи Вазири умури хориҷии Амрико омадааст, ки ин санад ба ҳукумати Афғонистон ва Толибон имкон медиҳад, то барои таҳияи Қонуни асосӣ, таъсиси ҳукумати нави фарогир ва ҳамчунин муайян кардани шароит барои оташбаси доимӣ, қадам бардоранд.

Дар ҳамин ҳол, Амрико аз Туркия хостааст, ки мизбонии нишасте дар сатҳи мақомҳои баландпояи ду тарафро дар ҳафтаҳои оянда бар ӯҳда бигирад, то созиши сулҳ ҳар чиз зудтар ниҳоӣ шавад.

Бар асоси созишнома миёни ҳукумати Доналд Трамп бо гурӯҳи Толибон, ки 29-уми феврали соли 2020 дар Қатар имзо шуд, ҳамаи сарбозони амрикоӣ то моҳи майи соли 2021 аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд. Тибқи созишнома, гурӯҳи Толибон бояд хушунатҳоро коҳиш дода, ҳамла ба нерӯҳои амрикоиро қатъ кунад ва ба гуфтугӯҳои сулҳ бо ҳукумати Афғонистон идома диҳад.

Дар номаи Вазири умури хориҷии Амрико бо лаҳни ҷиддӣ ҳушдор дода шудааст, ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ бо вуҷуди идомаи кӯмакҳои молӣ ба Афғонистон, метавонад боиси бадтар шудани вазъи амниятӣ шавад ва Толибон битавонанд минтақаҳои бештареро ба тасарруфи худ дароранд. Дар бахше аз нома ҳам аз "паёмадҳои фоҷеабор"-и даҳаи 1990-и мелодӣ ишора шуда ва таъкид шудааст, ки чунин рӯйдод набояд такрор шавад.

Раёсати ҷумҳури Афғонистон таъйид кард, ки президент Ғанӣ номаи Вазири умури хориҷии Амрикоро дарёфт кардааст. Давохон Минапол, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон аммо аз додани ҷузъиёт дар мавриди муҳтавои нома худдорӣ кард.

Сухангӯи Толибон рӯзи шанбеи 6-уми март дидори аъзои ин гурӯҳ бо Залмай Халилзод ва генерал Скот Миллер, фармондеҳи нерӯҳои амрикоиро таъйид кард.

Ҳудуди як моҳ пеш Вазорати дифои Амрико ҳушдор дода буд, ки гурӯҳи Толибон ба ӯҳдадориҳои худ барои коҳиши хушунат ва қатъи робита бо гурӯҳҳои тундрав чун Ал-Қоида дар чаҳорчӯби созишномаи сулҳ амал намекунад.

Ҷон Карби, сухангӯи Вазорати дифои Амрико дар аввалин мусоҳибаи матбуотии худ дар ҳукумати Байден таъкид карда буд, дар сурате, ки Толибон ба ӯҳдадориашон дар созишномаи соли гузашта бо Амрико амал накунанд, роҳе барои ҳаллу фасли мавҷуд бо ин гурӯҳи ниманизомӣ душвор хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG