Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати туркӣ ҳукумати Кӯлобро ба додгоҳ кашид. Пули қандилҳоро кӣ медиҳад? ВИДЕО


Як ширкати туркӣ ҳукумати шаҳри Кӯлобро барои пардохт накардани се миллиону 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби харидории қандилҳо ба додгоҳи иқтисодии Хатлон кашидааст.

Ширкати “ERTA Gurup Dis Ticaret. LTD” ду сол пеш бо дархости ҳукумати маҳаллӣ ба шаҳри Кӯлоб 300 қандил интиқол дод.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

Пули қандилҳои ширкати туркиро кӣ пардохт мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Бо гузашти ду сол аз овардани қандилҳо ҳанӯз мақомоти Кӯлоб ба хулосае наомадаанд, ки аз куҷо ва чӣ тавр ин пулро пардохт кунанд.

Пираҳмад Қурбонов, муовини сардори Раёсати молияи Кӯлоб мегӯяд, дар шартнома бо ин ширкат банде, ки кадом ниҳоди вобаста ба ҳукумат ин пулро пардозад, зикр нашудааст.

Эрдоган Ферҳат, роҳбари ширкати “ERTA Gurup Dis Ticaret. LTD” дар як нома ба Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент ва Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон навиштааст, ки ӯ бо “Идораи сохтмони асосии шаҳр шартнома дорад”.

Дар ин нома гуфта шудааст, ки дар замони сафари президент дар соли 2019 ба Кӯлоб аз онҳо хостанд, ки 300 қандил аз Туркия биоранд.

Қодир Вализода, шаҳрдори Кӯлоб гуфт, талош мекунанд, аз будҷаи шаҳр ин пулро пардохт кунанд.

“Мо тамоми имкониятро истифода мебарем, ки аз ҳисоби барзиёдии даромади буҷа ин қарзҳоро пардохт кунем.”,--гуфт ӯ.

Сарфи наздики чор миллион сомонӣ барои 300 адад қандилро низ коршиносон шубҳаовар медонанд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи онҳо, ҳукуматҳои маҳаллӣ бештар дар андешаи таъмири “косметикӣ” ҳастанд ва барои ҳали мушкилоти аслӣ талоши камтар мекунанд.

Баҳси қарзи қандилҳо дар ҳоле шурӯъ шудааст, ки аз 300 адади он танҳо 176 адади онро насб кардаанд, аммо боқӣ дар анбори шаҳрдорӣ нигаҳ дошта мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (30)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG