Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустое бо зебоии фиребанда ва мушкилоти дарднок дар наздикии Кӯлоб. ВИДЕО


Дар 20 километрии шаҳри Кӯлоб яке аз бузургтарин шаҳрҳои Тоҷикистон деҳаи зебое ҷойгир аст ва бо номи Лойоба. Агар табиату манзараи дилкаши тасхиркунандаро дидан хоҳед, баҳорон ба дидани ин деҳа биравед.

Аммо то худи деҳа расидан, андаке мушкил аст, чун роҳи дурусту ҳамвор надорад, вале бо асп омада шуморо мебаранд. Мардуми ин рустои зебо мушкилоти зиёде доранд. Мактабе нест, бунгоҳи тиббӣ надоранд.

Яке аз занони деҳа ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи зиндагиашон чунин нақл кард: “Зани ҳомила пеш аз таваллуд ҳафт километр роҳро бояд тай карда, ба роҳи асосӣ расад ва аз онҷо баъдан бо мошин ба бемористон меравад. Кӯдаки семоҳаро аз инҷо дар даст ва ё болои асп гирифта, барои ваксина задан ба шифохона мебаранд.”

Зебоии русто ва мушкилоти мардуми Лойобаро дар ин филми Радиои Озодӣ худатон бубинед:

Рустое бо зебоии тасхиркунанда ва мушкилоти дарднок дар Муъминобод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:34 0:00

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG