Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳбоз Саидаброров дар "Tashkent Grand Slam 2021” панҷум шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудоTashkent Grand Slam 2021”, ки имрӯз, 5-уми март, дар маҷмааи варзишии “Ҳумо Арена”-и пойтахти Узбекистон оғоз ёфт, варзишгари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 60 кило мақоми панҷумро касб кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021” ҳудуди 500 варзишгар аз 71 кишвари панҷ қораи ҷаҳон ширкат дорад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 варзишгар шомил аст. Дар сабқати мардон 13 нафар – Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 60 кг), Баҳром Сӯфиев, Алиҷон Сафаралиев (ҳарду дар вазни то 66 кило), Сомон Маҳмадбеков (то 73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (ҳарду дар вазни то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Амирҷони Насимҷон (ҳарду дар вазни то 90 кг), Саидҷалол Саидов, Мансур Раҳмон (ҳарду дар вазни то 100 кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг) – номнавис шудаанд. Дар сабқати занон бошад, Тоҷикистонро танҳо як нафар - Шоҳида Қаландарова (вазни то 63 кг) – намояндагӣ мекунад.

Рӯзи аввали мусобиқа - 5-уми март - чаҳор гуштигири тоҷик ба рақобатҳо пардохтанд. Аз байни онҳо Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 60 кило натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ ба сабқат аз даври дувум шуруъ кард ва нахуст бар Янислав Герчев (Булғористон) пирӯз шуд. Дар даври баъдӣ Артём Колосовро аз Беларус шикаст дод. Сипас аз Каромат Ҳусейнов (Озарбойҷон) мағлуб гашт. Паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври тасаллобахш бар Ҷаба Папинашвили (Гурҷистон) дастболо шуд.

Бегоҳи имрӯз Шаҳбози 20-сола барои ҷойи севум ва дарёфти медали биринҷӣ бо Комрон Нуриллоеви 24-сола аз Узбекистон рақобат кард. Довар дар ҷараёни 7 дақиқаю 35 сония ба паҳлавони тоҷик се “шидо” дод ва рақибаш ғолиб дониста шуд.

Барои медали дигари биринҷӣ Лука Мхеидзе аз Фаронса бар Каромат Ҳусейнови озар ғолиб омад. Дар ин вазн Рюҷу Нагаяма аз Ҷопон, ки дар финал бар Йелдоҷ Сметов (Қазоқистон) пирӯз шуд, мақоми аввалро касб кард.

Рӯзи ҷумъа се паҳлавони дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуд. Абумуслим Қаюмзода қувваозмоиро дар вазни то 60 кило ба Солиҳ Йилдиз (Туркия) бохт.

Алиҷон Сафаралиев дар вазни то 66 кило аз Дмитрий Минков (Беларус) мағлуб шуд. Дар ин вазн намояндаи дигари Тоҷикистон

Баҳром Сӯфиев аз Натон Бурнс (Ирландия) шикаст хӯрд.

Тақвими рақобатҳои варзишгарони тоҷик дар ду рӯзи дигари мусобиқа:

6-уми март (шанбе). Рӯзи дувум (шуруъ аз соати 09:30 бо вақти Душанбе)

-63 кг. Даври 2-юм. Шоҳида Қаландарова - Хан Хи-Ҷу (Кореяи Ҷанубӣ)

-73 кг. Даври 2-юм. Сомон Маҳмадбеков - ғолиби ҷуфти Евгений Прокопчук (Русия) - Георгиос Азоидис (Юнон)

-81 кг. Даври 1-ум. Акмал Муродов – Дидор Ҳамза (Қазоқистон)

-81 кг. Даври 1-ум. Ҳақназар Назаров - Георгий Шерзадашвили (Гурҷистон)


7-уми март (якшанбе). Рӯзи севум (шуруъ аз соати 09:30 бо вақти Душанбе)

-90 кг. Даври 2-юм. Комроншоҳи Устопириён - ғолиби ҷуфти Лорензо Рмгано (Италия) - Аслан Сагитбек (Қазоқистон)

-90 кг. Даври 1-ум. Амирҷони Насимҷон - Теодорос Тселидис (Юнон)

-100 кг. Даври 1-ум. Саидҷалол Саидов- Матиас Мадсен (Дания)

-100 кг. Даври 2-юм. Мансур Раҳмон - Рамазон Дарвеш (Миср)

+100 кг. Даври 1-ум. Темур Раҳимов – Ричард Сипотс (Маҷористон)

+100 кг. Даври 1-ум. Шакармамад Мирмамадов - Еней Маринич (Словения)

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз ва барои ҷойи севум 500 имтиёз дода мешавад.

Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG