Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф гуфт, Эрон дар бораи созиши ҳастаӣ нахоҳад кард


Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон.

Вазири умури хориҷии Эрон бори дигар таъкид кард, ки Ҷумҳурии исломӣ дар бораи созиши ҳастаии соли 2015 гуфтугӯ нахоҳад кард.

Вазири умури хориҷии Эрон бори дигар таъкид кард, ки Ҷумҳурии исломӣ дар бораи созиши ҳастаии соли 2015 гуфтугӯ нахоҳад кард.

Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи панҷшанбеи 4-уми март дар "Твиттер" навишт, "созиши ҳастаӣ қобили музокираи дигарбора нест. Агар 2021 соли 2015 нест, соли 1945 ҳам нест. Пас биёед қарори Созмони Милали Муттаҳидро иваз карда ва ҳаққи веторо, ки ин ҳама аз сӯи Амрико мавриди сӯистифода қарор гирифтааст, бекор кунем".

Ишораи вазири умури хориҷии Эрон ба ташкили Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1945 аст, ки ҷойгузини Ҷомеаи Милал шуд ва Амрико аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳаққи вето дорад.

Як рӯз қабл аз ин паёми Муҳаммадҷавод Зариф, номзади пешниҳодии Ҷо Байден барои мақоми муовини аввали вазорати хориҷа Венди Шерман дар ҷаласаи Сенат бо ишора ба созиши ҳастаии Эрон гуфта буд, "аз соли 2016, ки ин созиш иҷро шуд, ҷаҳон тағйир кардааст, воқеиятҳо дар арсаи майдонӣ тағйир карда, шароити геополитикии минтақа тағйир кардааст ва роҳ ба пеш низ бояд ба ҳамин тартиб тағйир кунад".

Хонум Шарман дар идома таъкид карда буд, ки акнун ба тавофуқи маҳкамтар аз созиши қаблӣ бо Эрон ниёз аст. Амрико нисбат ба бозгашт ба созиши ҳастаӣ бо Эрон тамоюл нишон додааст. Ин кишвар мегӯяд, ки Эрон бояд ба таври комил ба ин созишнома пойбанд бошад ва онро амалӣ кунад.

Эрон пас аз хуруҷи Вашингтон аз ин созишнома бо дастури Доналд Трамп, президенти пешини ИМА, марҳила ба марҳила аз иҷро кардани бандҳои ин созишнома худдорӣ кард ва акнун мегӯяд, бекор кардани таҳримҳои Амрико алайҳи Теҳрон, шарти асосии бозгашт ба музокирот мебошад.

Вазири умури хориҷии Эрон дар паёми твиттерии худ хостори иҷрои ин созишнома аз сӯи ҳар ду тараф шуд.

Ахиран дипломатҳои баландпоя аз ИМА, Олмон, Фаронса ва Бритониё аз Эрон талаб карданд, ки ба созиши ҳастаии соли 2015 баргардад. Созише, ки зери он инчунин Чину Русия имзо гузоштаанд, аз Ҷумҳурии Исломӣ талаб мекунад, ки даст аз ғанисозии ураниум бардорад ва бар иваз аз таҳримҳои байналмилалӣ раҳо мешавад.

Президент Доналд Трамп соли 2018 бо зикри ин, ки ин созиш ба таври кофӣ Эронро аз фаъолиятҳои харобкорона дар Ховари Миёна бознамедорад, аз он берун шуд ва Теҳрон ҳам тадриҷан аз иҷрои тавофуқоташ бар асоси ин санад ақибнишинӣ кард.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG