Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд 105 миллион доллар қарзи бебозгашт мегирад. Мақомот гуфтанд, ин маблағ барои "рушди соҳаи энержӣ" ва "коҳиши талафоти нерӯи барқ" истифода мешавад.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 3-юми март дар порлумон гуфт, дар чаҳорчӯби тавофуқнома хариду насби 398 ҳазор ҳисобкунакҳои муосир пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, аз 105 миллион доллар гранти БОР, 70 миллион доллари он барои коҳиши талафоти барқ ва рушди низоми биллингӣ ва боқимонда ба бахшҳои дигари арсаи энержӣ харҷ мешавад.
Ҷалби миллионҳо доллар грант барои беҳбуди бахши энержӣ дар ҳолест, ки ҳоло дар минтақаҳои кишвар расман шабона лимити барқ ҷорист ва бо гарм шудани ҳаво ҳам ҳанӯз ин маҳдудият идома дорад.
Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" дар муроҷиати расмии худ гуфтанд, маҳдудият танҳо ба аҳолии рустонишин дахл дорад ва ба сокинони биноҳои баландошёна рабт намегирад. Интиқоли барқро дар деҳот аз соати 23 то 6-и субҳ қатъ мекунанд.